Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пучмағзиву сабуксорӣ барад бар коми марг,
Ин нукот аз дафтари умри ҳубоб омӯхтам.
Дар раҳи матлуб хӯрдам пешпо дар ҳар қадам,
Як сабақ ислоҳ аз тарки шитоб омӯхтам.
Дарси бо халқ ошноиҳову ҳам бегонагӣ
Дар дабистони фалак аз офтоб омӯхтам.

Додрас

Аз тароват гул ба дасти хору хас афтодааст,
Булбул аз савти гуворо дар қафас афтодааст.
Риштаҳои хандаам печида монад дар гулӯ,
Баски бори ғусса бар дӯши нафас афтодааст.
Ҳамчу гард аз гирдбоди зиндагӣ гаштӣ баланд,
Косаи шарбат ба дасти хармагас афтодааст.
Дар талоши орзу охир ҳавас аз по фитод,
Хомаи мо шеъри моро додрас афтодааст.

Санги ҷаҳл

Чун гадоён гарчи сад дар мезанем,
Таъна бар ҷоҳи Сикандар мезанем.
Аз ҳаёву шарм дур афтодаем,
Сад лагад бар шаъни модар мезанем.
Гарчи мо як зарра нуре нестем,
Айб бар хуршеди ховар мезанем.
Ҷои он ки дасти шафқат во кунем,
Тешаҳо бар нахли пурбар мезанем.
Гарчи моро ҳиммате аз сӯз нест,
Хешро паҳлӯи Озар мезанем.
Аз қафо ғур-ғур намоему зи пеш
Ҳарфи ширин пеши раҳбар мезанем.
Маст мегардему ҷурми мост, лек
Санги ҷаҳли худ ба соғар мезанем.
Минбари эҷодамон, ки ҳаст паст,
Хешро болои минбар мезанем.

пешина
аз 118
навбатӣ