Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хандидаам

Ҳамчу гул мардона бар хори чаман хандидаам,
Рағми душман дар дилам доғи Ватан хандидаам.
Гарчи тори ғуссаҳо дар синаам печида буд,
То саҳар монанди шамъи анҷуман хандидаам.
Хандаи дандоннамо бошад нишони аблаҳӣ,
Ман ниҳон аз чашми мардум дар сухан хандидаам.
Баски абри қисмати ман қатрае обам надод,
Чун баҳори кӯтаҳи дашту даман хандидаам.
Кай гадоро васли шоҳаншаҳ муяссар мешавад,
Бо фиғони теша ман бар Кӯҳкан хандидаам.
Шишаи табъам агар бишкаст санги рӯзгор,
Ҳамчу як оина аз зарби шикан хандидаам.
11.06.2004.

РУБОИҲО

Ҳар шиша, ки беҷило шавад, манфур аст,
Ҳар хона, ки бесадо шавад, чун гӯр аст.
Ҷоҳил накунад ба аҳли дониш созиш,
Хаффош нигар, ки рӯзи равшан кӯр аст.

Нахле ки нагашт ғарқи ҳосил, чӣ кунам,
Мавҷе ки накард бӯса соҳил, чӣ кунам.
Сад ҳайф бар он касе ки аслаш нашинохт,
Як гом набурд роҳ то дил, чӣ кунам?!

Чун пилтачароғ сӯз дорад дили ман,
Дар зулмати хеш рӯз дорад дили ман.
Аз равғани мағзи устухони мани зор
Бин шӯълаи ҷонфурӯз дорад дили ман.

Ин мева, ки дар даҳони ту қанд бувад,
Маҳсули дарахти решапайванд бувад.
Эй тешабадаст, теша бар реша мазан,
Ҳар шоха аз он реша барӯманд бувад.

Аз зулмати шом рӯшноӣ талабам,
Аз душмани зишт ошноӣ талабам.
Хандидани навбаҳор ҷӯям ба хазон,
Паймону вафо зи бевафоӣ талабам.

Не ханҷару теғу сипарам мемонад,
Не гарди раҳи таковарам мемонад.
Чун гармии рӯзгори ман гардад сард,
Гармии сухан ба дафтарам мемонад.

Аз зиндагии паст ба ҷонем ҳанӯз,
Мӯҳтоҷ ба як луқмаи нонем ҳанӯз.
Чун пир шудем, арчи ҷавонем ҳанӯз,
Бозичаи дасти кӯдаконем ҳанӯз.

пешина
аз 118
навбатӣ