Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Сапеда,
Раҳ ба раҳ лола меканду мегурехт...
Ва ногаҳ,
Ба бистари ғуруб пешпоӣ хўрд,
Чу Хуршедаш дарёб кард,
Лолаҳои шафақӣ аз бағалаш
Ба домани гардун пош хўрданд...
Лолаҳои чамани гаҳвора,
Хандаҳои дахани гаҳвора.
Ҷони нози бадани гаҳвора.
Чашми бози Ватани гаҳвора.
Мондаи батни тани гаҳвора.
Шири модар сабақи мактабашон.
Роздори варақи машрабашон.
Бўсаи раъди замон дар лабашон
Ларзаи хонаи ҷони табашон,
Ҷилваи динаи рўзи шабашон.
Зоча ногуфта Ватан зоча шуда,
Очаро хўрда камон оча шуда,
Сари дасти ҳамагон поча шуда.
Пойи гаҳвора, вале, мехи замин.
Кундаи пой шуда бехи замин...
Роздорони фалак роз кунанд,
Осмонро ба замин боз кунанд,
Нози гаҳвораи мо ғоз кунанд.
Чӣ кунам, лола ба ҷуз хун нашинохт.
Чӣ дарун дид, ки берун нашинохт.
Лолаҳои чамани гаҳвора,
Хандаҳои даҳани гаҳвора,
Ҷони нози бадани гаҳвора,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё