МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
-Бовар кардан катӣ...-қадре мулоим гашта ғурунгос зад полвон.-Ҳамин ҳам кор шуд!.. Шарм кун...
-Дилпур бошед...
Атрофиён тўл кашидани гуфтугўйи устоду шогирдро дида, ба сўйи онҳо чашми шавқ дўхта буданд. Сангин барои ба дигарон сир надодан даҳанашро инҷ карда, табассум менамуд.
Баъди бо ишораи сар бархез гуфтани устодаш ў бархосту довталабона майдонро давр зад. Нидоҳои таҳсину офарин баланд шуданд.
-Ҳа, баракалло!..
-Кам нашав, додар!.. Саломат бош!
-А ҷонат гардам, сари мара паст накун!
Комил-полвон гушнагиашро фаромўш кард ё худ баъд аз гузаштани вақти муқаррарии хўрокхўрӣ иштиҳош кўр шуда буд. Ҳоло ҳушу хаёлаш ба гўштӣ. Шаш сол боз ў гўштӣ намегирад. Ҳамсолонаш аз майдон баромаданду вай ҳам ночор бас кард. Бо ҷавонон гўштигирӣ хуб не. Аммо ҳар боре, ки Сангин ба майдон дарояд, тамоми узвҳои бадани Комилполвон паридан мегирад. Гўё ҳозир худаш ба майдон медаромада бошад. Дили одаткарда балои ҷон будаст.
Сангину Мурод-ду тан зўртарин паҳлавонони ин маърака ба ҳам дарафтоданду атроф ба якборагӣ сокит гашт. Фақат чарс-чарскунон сўхтани кундаҳои бед ва гурс-гурс пойкўбии паҳлавонон ба гўш мерасиду бас. Аҳли маърака нафасашонро ба дарун кашида, саҳнаи асосии гўштигирии имшабаро тамошо мекарданд. Ин талош аз он ҷиҳат ҳам талоши ба ғоят муҳим буд, ки ҳар ду паҳлавон ҳам то ҳол аз касе мағлуб нашуда буданд. Ин гуна гўштиро дидан ва шоҳид будан ба ҳар кас муяссар намешавад ва онҳое, ки гувоҳи мағлубияти паҳлавони пушташ замин налесида буданд, як умр ин воқеаро хотира карда, ба авлодон ҳикоят мегўянд.
Сангин аз кўфтагии Мурод истифода кардан хост магар, яку якбора ҳарифи ношиносро дурустакак наозмуда, ҳамла сар кард. Аз ҳамлаҳои Сангин Мурод саросема шуд. Мардум ба зўрии ҳамдеҳаашон дилпур шуда, ба қийғос ва офарингўйӣ сар карданд. Мурод паҳлавонвор истодагарӣ дошт ва ҳангоми ором шудани ҳарифи худ ду даст ба миёни ў мунтазири ҳамлаҳои нав нафас рост мекард. Сангин, одатан, чусту чолок ва бо суръат гўштӣ мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё