Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бинобар ин, ором ва ба фурҷа чарх гаштани Мурод ба вай намефорид.
Комил-полвон ҳамлаҳои бебарори шогирдашро мушоҳида карду нафасгирии ноҳамвори ўро пай бурд ва оҳиста, зери лаб “оббо” гуфту ба афсўс ба зонуяш шаппотӣ зад. Баъд худ ба худ, аммо ба доварони паҳлўяш шунаво зери лаб пичиррос зад:
--Нагуфтам, ки арақ кори ина кардагӣ!..
Шиддати ҳамлаҳои Сангин кам-кам паст гашта, ҳоло ду паҳлавон монанди ду барзагови шох ба шох ниҳода, аз миёни якдигар дошта, ором чарх мезаданду фақат аҳён-аҳён ҳамдигарро такон дода мемонданд. Одатан, паҳлавонон ё барои озмудани усули якдигар ва ё ҳангоми монда шудан ин тариқ гўштӣ мегиранд.
Расул-бобои андовакаш аз ақиб хам шуда, ба гўши Комилполвон гуфт:
--Инат кайҳо арақ кард, ҷиян...
Мўйсафед пас аз сонияе чанд илова кард:
--Худат миёната бастан гир.
--Ман кайҳо бас кардагӣ, тағо.
--Ҳеҷ гап не, дар зарурат... Баройи обрўйи халқамон...
--Рагу пай хунук шудагӣ. Бекора чӣ даркор,-даст афшонд полвон.
Аммо ў ҳис кард, ки дар таги дилаш майле ба гўштӣ ҳасту аммо забонаш инкор мекунад. Пай бурд, ки аз ақиб, аз паҳлў ҳамдеҳагони солдидаю рамузи гўштигириро мефаҳмидагӣ, ҳоло ба сўйи вай менигаранд. Паҳлавонон баъди тақрибан бист дақиқа талош кардан ҳар ду ҳам арақшор гаштанду саркор бо иҷозати доварон ба онҳо танаффус дод. Муроду Сангин миёнбанди якдигарро сар дода, ҳар яке ба назди тўдаи худ рафта, дар пеши давра нишастанд.
Комил-полвон хотирпарешон менишаст. Шогирдаш ўро нописанд кард, ба гапаш гўш надода, ба гўштӣ даромад.
“Шогирд тарбия карда натавонист”, мегўяд халқ. Усули гўштиро ёд додан кам аст, одаму одамгарӣ, ҷавонмардию тандеҳиро ҳам ёд додан даркор. Ҷойи мана гирифт, акнун хотирҷамъ аз майдон мебароям, гуфта будам. Сабил монад, арақ рагу паяша сўхтааст... Э-э-э...” Сангин ба саркор ким-чӣ гуфту рафта, сарулибосашро пўшидан гирифт.

пешина
аз 119
навбатӣ