МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
--Наход?!-беихтиёр хитоб кард полвон.-Ҳай, афсўс...
Нотандеҳӣ кард... Расми полвонҳо ин хел набуд...
--Гап зан, Комил-полвон!..-Расул-бобо аз қафо заҳрханда кард.
Саркор ба назди доварон омада маслиҳат андохт:
--Сангин мегўяд, ки “дуранг”. Тобаш набудааст. Насиб бошад, ягон бори дигар мегирем мегўяд...Хўш, шумо чӣ мегўед?
-Вай як-як ба чашми доварон нигарист.
Пирони солманд маънидорона ба чашми якдигар нигариста, сар ҷунбонданду чӣ гуфтанашонро надониста, ба Комил-полвон рў оварданд. Полвон ба чашми онҳо нигариста натавонисту сарашро хам кард. Ин дам гўё ҳама ба вай нигариста мегуфтанд: шогирди ту нотандеҳӣ кард!
--Насиби Муродро диҳед...-гуфт вай аз замин сар набардошта.
--Хайр, ба Сангин ҳам ягон чиз диҳед,-илова кард яке аз мўсафедон.
Дигарон дар тасдиқи ин ҳукм сар ҷунбонданду саркор аз ҷояш бархост.
Комил-полвон норозӣ даст афшонду оҳиста худро ақиб кашид ва аз байни мардуми бо ғалоғўла бархостагӣ гузашта сархам аз маърака баромада рафт.
с. 1974
ҲАҚИҚАТИ ТАЛХ
Аз саргузашти рўзҳои бачагиам бисёр воқеаҳоро ҳикоя кардаам, аммо ин ҳодисаро ҳаргиз ба ёд овардан намехоҳам.
Вале чӣ кор кунам, ки он мудом дар нўги забонам, шабу рўз дар сарам ҷўлидагеш, ҷўлидагӣ. Аз афти кор, то онро нагўям, маро аз ин шиканча халосӣ нест. Агар гуфтанаш осон мебуд, кайҳо онро мегуфтам, лекин... Ҳар як кори чигил ана ҳамин хел «лекин» дорад. «Лекин»-и ин воқеа як сири намегуфтагӣ. Ҳар сире, ки онро ба кас гуфтед, сир нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё