Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуллас, имрўз ман ин сирро гуфта, аз бори гароне, ки қариб чоряк аср ба дўши дили бечораам бардошта гаштам, халос мешавам. Хато ва гуноҳ ҳаргиз виҷдони одамиро осуда намегузорад: гўй, барои чӣ руст мекунӣ гуфта, дилро харошидагеш, харошидагӣ. Ман аз гуфтани ҳақиқат, ҳарчанд ки бисёр талх аст, наметарсам ва шарм ҳам намекунам. Одати ман ҳамин аст: ҳама гапро бояд гўям. Агар баъзе чизҳоро нагўям, он ҳам бесабаб не: ё ҳамон воқеа ба гуфтан намеарзад, яъне, ҳақиқати ба мардум нодаркор аст ва ё чунон ки Шайх Саъдӣ овардааст, рости фитнаангез ва зарарноке, ки аз гуфтан ногуфтани он авло. Қисса кўтоҳ, он саргузашти нохушамро мегўям. Ба ҳар ҳол, он ба ман сабақи зиндагӣ гашта буд.
Аввал бояд гўям, ки дадаам он солҳо ҳозира барин пири хушҳолу чақчақӣ набуданд. Ман агар дадаам гўям, шумо як марди хода барин дарозу лоғар, чашмонаш дар косахона шиштагӣ, коркун, камгап ва хеле ҷиддию вазнин, ҳатто аз ҳад зиёд ҷиддиро пеши назар оред. Инро ба ман бачаҳо ҳам мегуфтанд. Онҳо ҳаминро ҳам таъна мекарданд: «Дадаат одами бадҷаҳл барин» мегуфтанд. Аммо ман нағз медонам, ки дадаам ҳеҷ гаҳ бадҷаҳл набуданд, фақат кам механдиданд, ҳатто ки қариб намехандиданд. Сабаби кам хандиданашонро худам ҳам намедонам. Балки солҳои баъди ҷанг талабот аз мардумон ҳамин хел буд, кӣ медонад? Барои намозу рўза, барои хатна кардани бачаашон баъзеҳоро ҷазо медодаанд-ку! Тағоии очаамро барои он ҳабс карда будаанд, ки дар хонаашон китоби кўҳнаро нигоҳ медоштаанд.
Он солҳо дадаам бегоҳӣ аз кори саҳро димоғашон гирифтагӣ, хастаю шалпар меомаданд. Қавоқашонро накушода болои кундаи ҳезумкафонӣ амонат менишастанду як бор уф кашида мондагиашонро мебароварданд. То дўғоб оварда додани очаам бо мо саволу ҷавоб карда, як-ду супориш медоданд. Баъди дўғобро дам кашидан, каландашонро гирифта ба замини рўидаричаамон мерафтанд. Дар он ҷо то шом кор мекарданд. Очаам мегуфтанд, ки ҳамин як парча замини рўидарича хонаводаи моро ба по рост медорад. Албатта, ман он солҳо маънии ин гапро дуруст намефаҳмидам.

пешина
аз 119
навбатӣ