МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Аслан, чандон хурд ҳам не, дувоздаҳсола будам. Ҳанўз дуруст каланд зада натавонам ҳам, дигар корҳоро нағз ўҳда мекардам: киштро об додан, ба молҳо алаф овардан, хошок даравидан, аз кўҳ ҳезум овардан. Ҳатто ду-се бор додарам катӣ ба осиёб ҷуворӣ бурда, орд карда омадам. Додарам — Салим он солҳо дар синфи сеюм мехонд. Ман аълохон гуфта баъзан аз худ мерафт. Ҳар чизе биёранд, вай нағзашро мегирифт. Каҷу килеб сурат мекашиду рассом мешавам, мегуфт. Доим дар кисааш ангишт ё бўр, тахтасангҳои сари роҳро кажу маж хат кашида, пур мекард. Ҳатто сурати Алопарро дар санг оҳан катӣ канд, он сурат дигар намеравад. Баъди Алопарро аз даст доданамон Салим ҳар бор ҳамин суратро нишон дода, ба ҷароҳати дили ман намак мепошид.
Худи Салим бачаи бад не, аммо гоҳ-гоҳ зўъмию якравӣ дорад. Азбаски ў харобу лоғару рангпарида аст, очаам баъзан аз ман рустӣ ба вай саршир медиҳад. Гурбаи шум барин чанд бор аз хонаи дарун саршир хўрда, лабонашро лесида баромаданашро дидам. Бо вуҷуди ин, думчаи мурўд барин гардани борикаш, каллаи ошкаду барин калонашро базўр дошта истодааст. Амакам мегўянд, ки биниашро кашӣ, ҷонаш мебарояд. Қувваташ нест, пуф кунед, меғалтад.
Рўзе ману Салим ба кўҳ барои ҳезум рафтем. Аз хонаи мо кўҳ дур не, агар пиёда, бебор равед, яксоата роҳ аст. Сагчаамон Алопар ҳам афтону хезон аз қафоямон рафт. Сагча ҳанўз хурд буд — думоҳа ё семоҳа. Вақти таваллуди онро намедонем, чунки мо онро аз лойхандақи қафои идораи колхоз ёфтем.
Чунон ба лой ҷўлидагӣ буд, ки чӣ махлуқ будани онро дониста намешуд. Ҳамсояамон Гулсумхола онро «бачаи шағол барин»
гуфтанду очаам ҳам ба фикри он кас шарик гаштанд:
— Аз кадом гўр ёфтӣ, гўрков? Охир ин шағол...
— Ман не, Салим ёфт, сонӣ ман даромада гирифтам, — аз эҳтиёт ба ин гуноҳ шарик будани додарамро гўшзад кардам. Кӣ медонад, кор оқибат чӣ ранг мегирад? Баногоҳ ягон гап хезад, гуноҳро тақсим кардан хуб аст. Аълохонӣ ва нимҷонии Салимро дар назар дошта, ҷазоро сабуктар мекунанд ва ё тамоман мебахшанд.
— Агар ин бачаи шағол бошад, шаб очааш кофта мебиёду якта ҳам мурғ намемонад, — тарсонданд очаам. Баъд ба ҷонвари дир-дир ларзида истодагӣ раҳмашон омад магар, гуфтанд: — Ба пеши бобот бар, ку бинанд, чӣ махлуқ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё