Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Холаи Гулсум бачаи шағол гуфтанд, гўй.
Ман он ҷонварро бардошта, ба тарафи ҳавлии бобоям давидам. Салим аз қафоям метохт. Ҳавлии бобоям дур не, дар он дасти сой, пеши замини рўидаричаамон.
Бобоям дар офтобрў ҷули харашонро дўхта менишастанд.
Он кас ҷонвари ёфтагиамонро пасу пеш гардонда диданду гуфтанд:
— Кучукбача-ку.
— Ура, кучукбача! — Ман онро гирифта сўи ҳавлиамон тохтам.
Салим бо фиғону ҳаёҳу аз қафо омад, ки сагча азони вай аст, чунки онро вай ёфт. Мо аз ин хусус зуд ба сари муросо омадем: сагча аз ҳардуямон. Медонистем, ки аздусар онро ду ҳис карда намешавад ва ягонтаамон аз он даст намекашем. Ҷое, ки ба ғайр аз муросо дигар чора нест, талош бефоида буданашро мо нағз медонистем.
Сагбачаро дарҳол шуста пок-покиза кардем. Ало будаст, Алопар ном додем. Ҷонвар аз гушнагӣ қариб ба мурдан расидаст. Мо аз лойдон гирифта ҷои он, ки хўрокаш диҳем, ба муқаррар кардани зоту зурриёти он машғул будем. Бечора чунон ба ширу нон дарафтод, ки...
Баъд барои Алопар дар ҳавлӣ аз сангу лой хонача сохта, ба тагаш пахоли мулоим андохтему аз болои пахол як порча пўстаккўҳна партофтем.
Ману Салим ба куҷо равем, чӣ кор кунем, Алопар ҳамроҳ буд. Афтону хезон мерафт, агар бишинем, мешишт, тозем, метохт, баъзан аз ягон чиз хурсанд, баъзан аз рўбарўшавӣ бо ягон ҳайвон дар тарсу ҳарос. Ҳамроҳи мо Алопар ҳам кам-кам калон мешуд.
Як моҳ нагузашта вай одамони атрофамонро аз бегонагон фарқ мекард. Агар аз ҳамсояҳо касе ё хешу табори наздик ба ҳавлӣ дароянд, як-ду бор аккос зада, моро хабардор мекарду бас. Не, агар ягон одами бегона ё ба вай ношинос дарояд, то аз хона баромада «хап шав» нагўем, ором намешуд. Алопар ҳатто молҳои моро аз моли бегона фарқ мекард. Ҳар бегоҳӣ чун рама омад, модагов ва чор бузи мо ҷудо шуда ба ҳавлӣ медаромаду моли сиёҳ ба сари мехаш, моли реза ба қўтанча мерафт.

пешина
аз 119
навбатӣ