МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Агар ягонта мол қоидаро вайрон карда, ба тарафи дархона ва гўшаи ниҳолу гулзор гузаштанӣ шавад, Алопар валвала сар мекард. Махсусан, агар ба ҳавлӣ моли бегонае дарояд, то онро аз дарвоза берун наронад, Алопар ором намегашт. Аккосзанон, баъзан тарсону ҳаросон аз қафои он мол метохт, таҳдид мекард, зорӣ менамуд, то ки зудтар аз ҳавлӣ барояд. Шаби аввали як сар гўсфанди ҳисорӣ хариданамоп саги бечора шаби дароз хоб накард, хавотир буд. Гумонаш, ин моли бегона моро фиреб дода ба ҳавлӣ даромадасту қасде дорад, нимишаб ё вақти саҳар, ҳангоми хоби ғафлати мо ягон нобакорие карданист.
Алопар ба очаам бағоят маъқул афтода буд. Хусусан, баъди як воқеа ғамхории он кас ба сагча афзуд, ҷонвараки дастнигарро назарашон гирифт ва ҳароина ҷонибдорӣ мекарданд. Воқеа ин тавр рух зад: он солҳо дар деҳаи мо на электр буду на яхдон. Мо ҳатто номи яхдонро нашунида будем.
Не, хато кардам, бибиам ҳикоя карда буданд, ки пеш аз инқилоб ва колхозӣ дар деҳа баъзе давлатмандон ва ҳалвопазон таҳхонаи чуқури зеризаминӣ кофта, зимистон дар он барфро ғун мекардаанду аз болояш хок мепошидаанд. Он барф дар тобистон кам-кам об шавад ҳам, адо намегаштаст. Таҳхонаи барфдор вазифаи яхдонро адо мекардаст. Ба ғайр аз ин, дар саратон аз барфи он яхобу яхмос, ҳалвою нишаста месохтаанд... Сари суханам чӣ буд?.. Ҳа, дар деҳаи мо он солҳо на яхдон буду на электр. Дўкони гўштфурўшӣ ҳам набуд. Одати мардуми мо чунин аст: ҳар хонавода ягон буз ё гўсфандашро кушта, гўшти онро хушк карда мегираду муддатҳо воситаи дегҷўшӣ месозад. Очаам барои дам наоварда хушк шудани гўшт онро намак зада, шабҳо шаддавор ба чўб мегузаронданду дар шамолгаҳ меовехтанд... Шабе аз шамоли сахт як лахти калони гўшт канда гашта ба замин афтодаст. Алопар то саҳар дар сари он пораи гўшти ба замин афтодагӣ посбонӣ карда, гурбаҳоро раҳ надодаст. Саҳар очаам аз хоб хезанд, Алопар дар назди гўшти афтодагӣ фукаш ба рўи ду пояш, аз гўшт чашм наканда менишастаст. Очаамро дида, ба назди он кас тохтаст, баъд ғишингос зада боз ба сари гўшт рафта воқеаро фаҳмондаст. Аз таҷрибаи солҳои дароз мо медонистем, ки агар Алопар набошад, аз гўшти ба замин афтодагӣ ному нишон намемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё