Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳатто баъзе гурбаҳои ганда ҷаҳида гўштро аз тор гирифта мебурданд.
Алопар саги боақл буд, аммо ман беақлӣ карда онро аз даст додам. Аслан, аз даст доданам беақлӣ не, баръакс, пионер бояд ки айнан ҳамин хел амал кунад, мегўянд муаллимон.
Хайр, рости гап, андаке аз ман ҳам гузашт... Барои ин то ҳол виҷдонам маро гоҳу бегоҳ дар шиканҷа гирифта, азоб медиҳад.
Ман дигар саг напарвардам. Сагу сагбача гўянд, Алопар ба ёдам мерасаду дар як дам вуҷудам таб мебарорад.
Ҳамон рўз ману Салим арғамчину табарча гирифтему ба кўҳ ҳезумкунӣ рафтем. Алопар ҳам ҳамроҳ буд. Мо ду пуштора ҳезуми хушкро баста, акнун ба роҳ медаромадем, ки аз пушти ёлаи кўҳ рамаи колхоз баромаду ду саги хирс барин барзангӣ аккосзанон ба сўи мо тохтанд. Аз тарс саросема ҳар ду ҳам ба як дарахти арча баромадаем. Бечора Алопар дар бехи дарахт тарсону ларзон, беҷуръатона ак-ак карда, он ду балоро пешвоз гирифт. Мо бо доду фарёд чўпонро ба ёрӣ ҷеғ задем.
Сагҳои рама бо фукҳои ғафсу ваҳмангези худ Алопарро бўй-бўй карда диданду аз афти кор, боварӣ пайдо карданд, ки ин ҷонварак аз авлоди гург ё шағол не, бо он шўхию бозӣ оғоз намуданд. Аз ҳаракатҳояш маълум буд, ки Алопари шўр чандон рағбати бозӣ надошт ва аз ҳазлу шўхиҳои онҳо метарсид, илоҷе ёфта канортар гурехтан мехост, аммо он ду хирси барзангӣ ду-се ҳаллос зада, сари роҳи вайро мегирифтанд.
Хайрият, чўпон расида омаду сагҳоро аз сари мо дур андохт. Ману Салим аз дарахт фуромадем.
— Ягон дуогўятон аз таҳти дил дуо мекардаст... Ба шарофати дуо... ин арча будаст, — изҳори мамнунӣ кард чўпони якдаста.
Бинии ин марди навчаи сурхрў айнан ба мисли минқори уқоб хамидагӣ буд.
— Набошад, исқотҳо нагазанд ҳам, сахт метарсонданд.
— Барои чӣ нагазанд, мегазанд, — гуфт Салим, ки ашки чашмаш ҳанўз хушк нашуда буд. Ман акнун пай бурдам, ки ҳангоми ҳамлаи сагон вай фарёд зада гириста будаст.

пешина
аз 119
навбатӣ