МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
— Бачара намегазад. Агар худат кордор шавӣ, гапи дигар ё ба мол расӣ...— чашми чўпон ба Алопар афтоду онро баҳ-баҳ гуфта доштанӣ шуд, аммо сагбача нияти ўро пай бурду дур гурехт.
— Ҷеғ зан, сагата як бинам, — хоҳиш кард вай. Баъд гуфт:
— Зотӣ барин.
Ман Алопарро доштам. Вай дандонҳояшро гиз карда, таҳдидкорона ар-ар мекарду чўпонро наздик омадан намемонд.
Аммо даҳмарда ба вай эътиное накарда чанг заду аз ёли Алопар бардошт. Сагча ғишингос заду бо ғазаб ба чўпон дарафтод ва аз чанги ў раҳоӣ ёфта он сўтар гурехт. Баъд ҳимоятҷўёна ба назди Салим рафту кинахоҳона ба тарафи чўпон ак-ак задан гирифт.
— Сагбачаро ба мо те, пеши сагои мо калон шавад, — гуфт чўпон ба ман хитобан бо як оҳанги омирона.
— Худамон ҳам калон мекунем, — гуфтам ман бепарво ва ба содадилии чўпон дар дилам хандидам.
— Ҳайф мекунӣ. Саг – саги рама. Миёни мардум вайрон мешавад. Ма, — вай як панҷоҳсўмии сабзро аз кисабағалаш бароварда ба ман дароз кард.
— Не-е, даркор не, — гуфтам ман хиҷолат кашида. Ба ман чунин намуд, ки панҷоҳсўмиро дида, чашмам сиёҳӣ зад.
Ташвишомез ба рўи Салим нигаристам. Вай гаранг барин ба даҳони воз ба чўпон менигарист.
— Гир. Ту боз дигараша меёбӣ. Дар қишлоқ чӣ пур, сагбача пур. Ина ба рамаи колхоз те. Ту пионер-ку!.. Шарм намедорӣ?
— Не, ман ба шумо дигараша оварда медиҳам, — бе қатъият сухан гуфтанамро худам ҳам ҳис кардам. Ба панҷоҳсўма дилам кашол буд, ҳатто метарсидам, ки чўпон мабодо аз нияташ гашта, онро ба кисааш андозад.
— Ана, ма, гир... Инаш барои додарат, — чўпон ин дафъа аз ҷайбаш як сисўмии сурхи шараққосиро бароварда ҳамроҳи он панҷоҳсўмӣ ба кисаи ман андохт. Дигар эътироз баён накардам. – Бихез, ту дор, ман баста мегирам. Пионер бояд ки ғамхори моли давлат бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё