МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ман Алопарро доштам. Чўпон чолокона бо чилбур онро басту ба фукаш ҳалқа гузаронд. Сипас, ба тапар-тапару ғишинг-ғишинги сагбача эътиборе надода бардошта бурд.
Сагча чунон вовайло бардошт, чунон чингос зада аз мо мадад мехост, ки ман тоб оварда натавониста, рўямро гардондаму хостам гўшамро ба карӣ занам, аммо муяссар намегашт. Зории Алопар аз дуродур ҳам ба гўшам мерасид.
Фарёди имдодхоҳонаи он аз миён солҳо гузашта бошад ҳам, то ҳол дар гўши ман садо медиҳад ва диламро мефишорад.
Ман он рўз аз ин муомила хурсанд будам. Ҳазл не, ҳаштод сўм-а! Албатта, пули он солҳо беқурб буд, аммо дадаам рўзҳои ид ҳам идипулӣ гўён ба мо ин хел пули калон надодаанд.
Ба роҳ афтодему дарҳол бо Салим пулро тақсим кардем.
Ба вай — сисўмии сурх, ба ман — панҷоҳсўми сабз, рангаш қурбоққаи нақшин барин. Мо ба ин пулҳо чиҳо хариданамонро ҳам маслиҳат кардем.
— Аттор ояд, ман чангаки моҳидорӣ мехарам. Боз аз шофёрҳо якта гупсари резинӣ мехарам. Сонӣ, дам мекунаму ба оби сой партофта, ба болояш савор то худи ҳавзи Ҷонварсўз меравам, — гуфтам ман.
— Не, ман ба ин пул қалами ранга мехарам. Сонӣ, чунон суратҳое кашам, ки даҳоната кушода монӣ! — нияташро изҳор кард Салим.
Вай сисўмии сурх дар даст, гоҳ онро аз чашмаш дур, гоҳе наздик оварда менигарист, баъд ба монанди байрақ ба сараш баланд мебардошт.
— Ман савори гупсари резинӣ ба осиё ҳам меравам, ба ҳезум ҳам.
— Ҳой каллагаранг, чӣ хел аз поён ба боло меравӣ? Оби сой ба поён мебараду сонӣ аз обпар чунон гирифта мезанад, ки хари бобом барин парча-парча мешавӣ!..
Ба пули Алопар чиҳо хариданамонро раҳораҳ расо муҳокима кардем, аммо ин гуфтугузор ҳеҷ ба диламон намезад.
Ҳамин ки ба ҳавлӣ наздик расидем, диламонро як хавфи номаълум оҳиста-оҳиста туман барин зер кардан гирифт. Аз ваҷҳи Алопар як тарафи диламон торик буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё