МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
— Алопара ба чўпон доданата агар дадаам фаҳманд, тура мекушанд! — Оқибат Салим худдорӣ карда натавонисту буғзи дилашро кушод.
— Барои чӣ? Мо барои рамаи колхоз додем! Чўпон гуфт-ку агар дар рама калон шавад, саги ҳақиқӣ мешавад... Мумкин Алопари мо ягон вақт рамаро аз ҳамлаи гургон халос кунаду сонӣ... сонӣ ном барорад. «Ин саг аз куҷо?» — гуфта пурсанд, номи моро мегўянд. Сонӣ Раис-бобо мумкин ба мо таърифнома диҳанд. Ба мактаб омада, дар пеши саф... Ин кори ҳазл не.
Лекин ҳозир ин сира бояд ба касе нагўем.
— Ту ба чўпон гуфтӣ, ки сагча аз ҳардуямон?
— Ҳа... Худат дидӣ, ба ҳар дуямон пул дод-ку!
— Хайр, агар ин хел бошад, барои чӣ пула ба кисаи ту андохт?
— Ҳамту, андохт-дия. Сонӣ, ҳар ду тақсим мекунанд гуфта...
Аз он ки Алопар рамаи колхозро посбонӣ мекунад, Салим ҳам ба ваҷд омад. Вай чунон ба ин гап часпида гирифт, ки тайёр буд ҳозир рафта аз дадаам барои ин корамон шодиёна гирад.
— Лекин ҳушёр шав, мабодо аз даҳонат барояд... Дадаам ин гапҳоро нағз намебинанд. Ҳозир дар ин хусус гап намезанем. Агар пурсанд, мегўем, ки аз паси мо ба кўҳ рафт, сонӣ чўпон дошта гирифту ина барои рама диҳед, гуфт, додем, мегўем. Пул гирифтем нагўй, ҷанг мекунанд. Агар надиҳед, шуморо аз пионерӣ мебароранд гуфт, мегўем.
Салим розӣ шуд.
Аз ваҷҳи пул табъам ночоғ буд. Пушаймон будам, ки чаро пули чўпонро гирифтам. Хоҳ-нохоҳ, агар рўзе дадаам фаҳманд, ҷанг мекунанд.
Дар ҳавлӣ аз наомадани Алопар аз ҳама пеш бибии пир хабардор гаштанд. Сонӣ очаам пурсиданд. Мо воқеаро, чунон ки маслиҳат карда будем, гуфтем. Очаам бо қаҳр даст афшонданду рафтанд. Ман ба рўи бибиам нигариста, дараҷаи гуноҳамро фаҳмидан хостам, аммо фикри он касро ҳаргиз дониста намешавад: ягон оҷинги рўяшон намеҷунбад.
Ман андаке хотирҷамъ гаштам. Баъзан калонсолонро фаҳмида намешавад: барои арзан барин гуноҳатон замину осмонро ба ҳам мезананду аз гуноҳи калон чашм мепўшанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё