Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шояд, аҷаб не, дадаам аз ин кори мо хурсанд бошанд?.. Ё мумкин қаҳрашон омадагисту лекин ба хотири Раис-бобо моро ҷанг накардагистанд? Раис-бобо агар фаҳманд, ки барои сагча моро ҷанг кардаанд, мегўянд-дия: «Барои моли колхоз як кучукчаатро дареғ доштӣ?! Одамон дар ҷанг ҷон доданд, хун рехтанд...».
Аз байн як моҳ гузашт. Дили ман тамом таскин ёфт. Аммо ногоҳ Салим корро расво кард.
Ҳамон рўз ман таъинот гирифтам ба осиёб як ҷувол ҷуворӣ бурда, орд карда биёрам. Ба Салим фармуданд, ки барои молҳо аз лаби сойҳо алаф даравида орад. Дадаам саҳарӣ супориш доданду ба кор рафтанд. Бобояму очаам ҷуволи ҷувориро ба хар бор карда доданд. Ман ба болои бор савора ба роҳ афтодам. Салим «ман ҳам ба осиёб меравам» гуфта хархаша кард. Очаам розӣ нашуданд. Салим ғишингос зада аз паси хар равон гашт. Сонӣ аз думи ҳайвон сахт дошта кашида истоду нагузошт, ки хар раҳ гардад. «Сар те» гўям, сар надод. Дар дастам химчаи тар буд, дарозу борик, саҳл ба сараш расондам ё не, вай аз алам мушт барин санга аз замин бардошту ба сари ман зад. Хун чашма барин ҷорӣ шуд. Очаам тохта омада маро аз хар фуроварданду ба хона бурда хобонданд, ба ҷароҳат зуд намад сўхта зер карданд.
Салим ба ким-куҷое гурехта рафту бо ҳамин то ба шом гум шуд.
Дадаам аз кор омаданду воқеаро фаҳмида, пеш аз он ки ба сари полез раванд, ба боми зинхона баромада Салимро ҷеғ заданд:
— Салим!.. Ҳой, Салим!.. Салим!..
Дар ин хел мавридҳо овози дадаам монанди раъд гулдуррос мезад ва аз тарафи сой акси садо медод. Фурсате нагузашта Салим пайдо шуд.
— Ҳозир ҷазоята мебинӣ! — гуфтам ҳамчун мазлуми адолатхоҳ бо андаке овози озурда. Вай аз замин чашм набардошта омаду дар рў ба рўи дадаам гунаҳкорона истод.
Дадаам хомўш ба сар то пои вай нигариста, барои бетамизиаш ҷавоб талаб доштанд. Аммо Салим гардани дарозаша ба дарун кашида хомўш буд.

пешина
аз 119
навбатӣ