Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷазои ҳасадхўр ва нобинам ана ҳамин гуён, дар дил шодӣ кардам.
— Ҳа, гап зан! — дадаам суханашонро аз зиҳи дандон бароварда, бо ғазаб ба тарафи вай як қадам монданд.
Дадаам моро назананд ҳам, чунии ваҷоҳаташон басанда буд, ки дигар он номаъқулиро такрор накунем.
— Вай... вай Алопара... а-а, ба чўпон фурўхт, пулаша гирифта... — ногаҳон канда-канда эълон кард Салим.
Нафаси ман ба дарун заду на ба рўи дадаам нигаристам, на ба тарафи Салими хоин.
— А-а? — дубора пурсиданд дадаам.
— Чўпон аввал панҷоҳ сўм дод... сонӣ... сонӣ боз... сӣ сўм...
Салим суханашро ба поён нарасонда «ҳаққашро»
бигирифт. Аз падар як торсакии обдор хўрданашро ба гумонам худаш ҳам нафаҳмида монд.
— Нокас!.. Дар зоти мо иғвогар набуд, ту аз куҷо ин «ҳунарро» ёд гирифтӣ?!
Салим бо фиғон аз ҳавлӣ берун рафт.
— Чўпон... чўпон... гуфт, ки... ту чи хел пионерӣ... ин сагча а-а... барои рамаи колхоз...
Ман худро сафед кардан хостам, вале падар гўш кардан нахостанд.
— Ноҷинс!.. Гум шав, афтата набинам!.. Агар дўстатро фурўхта бошӣ, ягон рўз модаратро ҳам мефурўшӣ!..
Падар ба рўи ман чунон бо қаҳру нафрат нигаристанд, ки агар ин лаҳза замини зери поям кафад, рост худро ба роғи он меандохтам. Ҳурмати нон, қасам ба ҷони ҷавонам, агар як не, даҳ торсакӣ зананд, аз ин хел нигаристанашон сад раҳ авлотар буд. Чунин нигоҳи падарро ман дигар ҳаргиз надидам. То ба ҳол, агар нигоҳи ҳамонрўзинаи он касро ба хотир оварам, баданам виҷиррос мезанад.
Баъд аз ин воқеа ман як ҳақиқати оддиро дарк кардам:
табаҳкориро бо нияти нек пардапўш кардан кори беҳуда будаст. Аз ин мебарояд, онҳое, ки мулкеро хароб карда, мо онро наҷот додем мегўянд, як рўз не, як рўз рўсияҳӣ мекашанд.

с. 1976

пешина
аз 119
навбатӣ