Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

КАМГАП

Рўз гашт карда то офтобшинам як-якуним соат вақт монда буд. Шиддати гармо паст гашт, сояҳо дароз шуданд.
Дар истгоҳ мардум интизори мошин буданд. Марду зан, пиру барно автобуси охиринро, ки аз район меомад, бетоқатона нигарон. Мошини равғанкашони Абдулло аз роҳи калон ба тарафи деҳа тоб хўрду баъзеҳо ғайриихтиёр аз ҷо бархостанд, вале равғанкашониро дида даст афшонданд. Ба сўйи мошин фақат Даврону Қубоди муаллим давиданду худро ба кабина заданд. Вале мошин аз ҷо наҷунбид...
Комрон истиҳола карду ба тарафи мошини собиқ ҳамсинф ва рафиқи мактабиаш нарафт. Кабина фақат ду касро мебарад.
Агар вай равад, Абдулло маҷбур савораш мекунад, нағз не.
Лақаби ў, асосан, «Камгап» буд, вале баъзеҳо «Хаппак»
ҳам мегуфтанд, ҳатто аз ў ягон алам дидагиҳо «Хапгир» гўён таҳқир ҳам мекарданд. Вай, дар ҳақиқат, ҷавони камгап буд.
Ҳикоя мекарданд, ки боре раис ба кабинаи мошини ў нишаста ба Душанбе равон шудаст. Чаҳорсад километр раҳро гузаштаанду ба якдигар сухане нагуфтаанд. Ҳангоми аз теппаи Фахробод фуромадан раис гуфтаст: «Ана, Душанбе». Абдулло дар ҷавоб норозиёна ғўт-ғўт кардаст: «Кўр нестам, мебинам».
Раис қоҳ-қоҳ зада хандида фиристодасту гуфтаст: «Ҳой, суханро харида мегирӣ-чӣ?! Ягон гап зан, дилам торс кафидку!» Абдулло табассум кардаст, ки маънии он равшан: «Ту ҳам, раис, ба гапи беҳуда хушат будаст».
Абдулло ба ҳамсинфонаш муҳаббати хосае дошт. Ҳар кадомеро бинад, айёми бачагӣ ва мактабхониаш ба ёд меомад магар, дурудароз табассум мекард. Бале, ба рўйи ў нигариста, хомўш, дурудароз табассум мекард. Ба савол ва ҳолҷўии он ҳамсинфаш низ сар ҷунбонда бо табассум ҷавоб медод.
Ҳоло Даврон ҳамроҳи Қубоди муаллим ба кабинаи мошини ў худро заданду баробар ҳар ду амр карданд:

  • Канӣ, ҳай кун!
    Абдулло хастаҳолона ба рўйи он ду тан нигаристу бо табассум ба қафо - ба сўйи истгоҳ ишора кард. Азбаски он ду баъди бист - сӣ қадам давидан ҳоло ҳарсос зада нафас мегирифтанд, бо чашм ба сўйи истгоҳ ишора кардани ўро пай набурданд, балки ба авзои ў дуруст зеҳн ҳам намонданд.
пешина
аз 119
навбатӣ