МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ман меҳмон дорам,- гуфт вай оқибат.- Комрон омадаст.
- Хайр, рав, тезтар бину биё! Чӣ гапи зарур дорӣ?- гуфт Даврон бепарво.
Абдулло сарашро ба чанбараки фармони мошин ниҳода фақат табассум мекард. Эҳ, вай бо табассуми худ чиҳо мегуфт, на ҳар як одами бино мефаҳмид! - Э, тезтар бош, рўз бегаҳ шуд! - бетоқатӣ кард Қубод.
- Даҳонатро инҷ накуну тезтар фуро, мегуфтагӣ гапатро гўй,-каме асабонӣ буд Даврон.
- Мо ҷўраҳои наздик... Сонӣ, вай - меҳмон... Шуморо ҳар рўз мебарам...- гуфт вай дар ҷавоби бетоқатӣ ва зўъмии он ду.
- Аз ҷўрагии ҳамон ба ту чӣ фоида? Ҳай кун-е! - усули дигарро пеш гирифт Даврон.- Аз булбули дар осмон чумчуқи дастам беҳ мегўянд.
- Ба ту як чиз-ним чиз даркор шавад, ана, ин одам ҳоҷатбарорӣ мекунанд,- Қубод-муаллим ба сўйи Даврон ишора кард.- Ман ҳам дар як тарафи мактаб даро баро дорам, як рўз не, як рўз ба ту ҳам нафъам мерасад. Ана, писарат калон шавад... Рост не?- Қубод барои тасдиқи гуфтаҳояш бо савол ба Даврон рў оварду дандонҳои сиёҳу қирмзадаашро намоён карда хандид.
Абдулло хомўш ба рўйи онҳо нигариста лабханд мекард.
Лабханди ўро аз ҷунбиши бурутҳои ғафсу тобиши чашмони ростгўяш фаҳмидан мумкин буд. Оқибат Абдулло моторро хомўш карду Даврон ба сари муросо омад. - Хайр, кабина калон, се кас меғунҷем~ку!
Ў инро гуфту аз кабина фуромад ва Комронро ҷеғ зад.
Комрон омада бо Абдулло вохўрда ҳолҷўӣ намуд ва бо миннатдорӣ таклифи онҳоро рад кард. - Се кас намеғунҷем... Ғунҷем ҳам ман шуморо танг карда бероҳат намесозам. Хилофи қоида... ба шофёр халал мерасонем... Шумоён бемалол равед... Ҳамин замон автобус меояд.
Даврон ба зўрӣ ўро тела карда ба кабина шинонду худаш аз канор нишаста дарро пўшид. Бо ин якрав дигар хел муомила карда намешавад, мегуфт ў дар дилаш Абдуллоро ҳам Комронро ҳам лаънат карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё