МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Воқеаи тўи Тоҳирча ҳанўз аз пеши назараш дур нарафта буд. Артистони аз шаҳр омадагӣ базмро расо тафсонданд. Садта-нимсадта шудагӣ, кайфи ҳама баланд. Дар қатори дигарон вай ҳам ба раққосаи нозанин пул часпонд. Хайр, се-чор бор аз сурху кабудаш баромад. Кайф баланд шавад, ба рўйи пул менигаред-чӣ?! Ин бедаҳан якбора ҷор андохта эълон кард: «Пули говҳои гўсола шудагиро барор!
Натарс, миёнат дард накардаст!» Аҳмақ маст шавад, ҳеҷ рўйи хотир намекунад. Вақти мудири ферма буданам бисту ду гов камомад шуду ба ҷояш бист гўсола харида ба колхоз супоридам. Чӣ фарқ дорад, баҳори дигар гўсола ҳам гов мешавад-да! Ҳамин гапро аз куҷо фаҳмида ба ҳама зълон карда! Инро шунида табъи раис хира шуду аз базм баромада рафтанд. Натиҷаи бемаданиятӣ ҳамин-да. Раис ба кӣ некӣ накардаанд? Худи ҳамин Абдулло иморат карданӣ шуд, чӣ қадар шиферу чўб доданд... Ин беоқибат кадом рўз Ҷабборовро ҳам изо додаст. Дар колхоз баъди раис хўҷаин ҳамон кас-а! Ҳаминрўза барин мошинашро дар истгоҳ доштаст. Ҷое, ки Ҷабборов истодааст, кӣ ҳақ дорад ба тарафи мошин равад? Раҳбарро иззат кардан даркор-дия. Аммо ин беандеша чӣ кор кардаст? Ба тарафи мошинаш омадани Ҷабборовро дидаю дониста аз кабина сарашро бароварда барқасди вай гуфтаст: «Бародарон, ба кабина ду кас мегирам.
Агар розӣ бошед, тағои Насруллою бобои Ҳоҷӣ савор шаванд». Ҷабборов изо кашида сурх шудасту сир бой надода «Э, Насруллобеқ шумо ҳамин ҷоед-чӣ? Бед, савор шавед, савор шавед», гуфта онҳоро пеш гузарондасту оҳиста худашро ба қафо кашидаст. Якеро маъюб гуфта, дигареро солдида гуфта расо ба фарқи сарамон баровардем! Як пой катӣ ба чор тараф надаву дар хонаат шин! Хайр, барои поятро дар ҷанг доданат нафақа мегирӣ, иззататро дору «ҳазор раҳмат, ман одами бекор, шумо савор шавед», гуфта Ҷабборовро савор кун, беақл!.. Э, ин не, вай не, ҳамаашон чашми дидан надоранд.
Набошад, ман кию ана, ин Комрон кӣ?! Олим шудаст, шудастда, ҳозир сагро занӣ, рафта ба болои олим меафтад, аз ҳар чӣ бисёр донишманд. Кал ҳам, кўр ҳам - ҳама олим шуда рафт, дар қишлоқ якта подабон намеёбем! Аз олимии Комрон ба ин ҳатўл чӣ фонда мерасидагӣ бошад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё