МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданАз барои вай қариб ки моро аз мошинаш фурорад-а! Ҳоло сабр кун...
- Хайр, акнун ту то кай дар он тарафҳо мегардӣ? -Саволи ногаҳонии Қубоди муаллим риштаи хаёли Давронро буриду вай ба худ омад.
- Чунон ки мўйсафедон мегўянд, то нону насиб,- сухани Комрон дар даҳонаш монд.
- Э, мон ин гапҳоро, гўй, ки кай ту омада ба халқат хизмат мекунӣ?-Даврон ўро нописанд карда бо ҳамин бухси дилашро баровардан хост.
Комрон бо тааҷҷуб ба рўйи Даврон нигарист. Аз киса рўмолча гирифту аввал шишаҳои айнаки сабзашро, сипас арақи пешониашро пок кард. Баъд ба Абдулло нигарист. Вай аз роҳ чашм наканда зери бурут табассум мекард. - Ғалатӣ... Ман... ман ҳоло ба кадом халқ хизмат мекунам?- гуфт вай канда-канда.
- Вай хизмати ту ҳисоб не,- саволи худро эзоҳ дод Даврон.- Ба ин ҷо омада ба халқи ҳамин деҳа хизмат кун. Аз ту чӣ фоида мерасад, бинем.
- Ҳа-а...- хиҷолатомез табассум кард Комрон.- Балки фоидаи ҳамин корам ҳам мерасидагист? Шояд ягон рўз...
- Барои мо вай корат як пул!- беэътино сухани Комронро бурида даст афшонд Даврон.- Барои ҳамин ҷамоа, барои халқи Селоба чӣ кор кардӣ, мо намедонем. Ку, ягонтаашро ба институт даровардӣ ё дигар хел ёрдамат расид? Не.
Табассум аз чеҳраи Абдулло нопадид гашт. Лабонашро сахт ба ҳам фишурда, бо дастҳои азиму панҷаҳои пурқувваташ фармонро сахт фишурда, гўё ба роҳ ситезкорона фишор меоварда бошад, гашти мошинашро тез мекард. Дар роҳи ноҳамвор бардорузани мошин ба ҳадде буд, ки Комрон гоҳ бо сараш ба шифти кабина мезаду гоҳи дигар пешониашро ба шишаи пеш. Абдулло гўё қасд карда буд, ки бо ҳамин бардорузан ба онҳо дигар имкони сухангўӣ надиҳад. - Агар дурусттар санҷида бароем, додот ҳам ба халқамон қазоӣ хизмат накардаст,- ба сухан ҳамроҳ шуд Қубоди муаллим.
«Додом ба ҳар дуи инҳо ҳаққи устодӣ доранд,- бо изтироб аз дил гузаронд Комрон.- Наход, ки сӣ сол дар мактаби деҳа беҳуда кор карда бошанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё