Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чӣ, магар ба бачаҳо савод омўхтан хизмат нест? Инҳо калоншинос шудагӣ, муаллими оддиро назару писанд намекунанд. Охир, ҳамин Қубодро бо ташвиқу тарғиб он кас ба институт фиристоданд. Аввалин касе, ки аз деҳаи мо ба институт дохил шуд, ҳамин Қубод аст. Агар имрўз дониш ва касби худро хору забун карда шаробхўрӣ кунад, гуноҳи додом не-ку! Ё кӣ медонад, балки он кас ҳам гунаҳгор будагистанд?»

  • Дар ягон институт муаллим нестӣ, то ёрӣ кунӣ бачаҳо дароянд. Ку, бигў, аз олимии ту ба халқи мо чӣ фонда? «Олими беамал, замбўри беасал» гуфта шумо баринҳоро мегўянд-да...
    «Ин мақол аз гуфтори радио ё намоиши телевизион ба гўшаш даромадагӣ,-аз дил гузаронд Комрон.- Айнан, талаффузаш ҳам талаффузи кадом як диктореро мемонад».
  • Аҳён-аҳён газету журнал ҳам мехонед ё не? - ногаҳон ба Даврону Қубод рў овард Абдулло. -А? Ғўзапояи бекораро, ки ба ғайр аз танўртафсонӣ ба чизи дигар кор намеомад, кӣ ба хўроки чорво гардонд? - ҷиддӣ мепурсид ў.- Авлод-авлоди шумо ба халқу давлат ин қадар манфиат оварда наметавонад.
  • Ҳа, ҳамин хел гуфта мегардем-дия...- гуфт дар ҷавоби ў Қубод тамасхуромез. Аз оҳанги сухани вай чунин маънӣ бармеомад, ки гўё Комрон мардумро бо суханони пуч фирефта гаштааст.
  • Аз вай корҳош ба халқи мо як пула фоида нест,- рўйирост нописандӣ мекард Даврон.- Мақсадаш - олим шавам, зиёдтар пул гирам...
  • Тфу!- бо қаҳр аз дарича ба берун туф кард Абдулло ва фармонро сахттар фишурда газро зер кард.
    Дар таҳдари магазини ҳамсоядеҳа Даврон мошинро нигоҳ дошт.
  • Канӣ, фуромадем, йигитҳо! - вай аз кабина фуромаду дигаронро таклиф кард.- Тезтар, садта-садтаякак зада бароем.
  • Ҳа-ҳа, заряд гирифтан даркор,- гўён Қубоди муаллим аз мошин фуромаду ба сўйи магазин равон шуд.
    Комрону Абдулло таклифи Давронро қатъӣ рад карданд.
  • Ана, аз ҳамин одамгурезиатон маълум...-гуфт Даврон дар ҷавоби аз арақхўрӣ сар кашидани онҳо.
пешина
аз 119
навбатӣ