Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Абдулло даст афшонду монд. Баъд аз кабина баромада ба сатили кўҳнаи равғанолуд аз ҷўйбори канори роҳ аввал як сатил об гирифта ба кўча, баъд сатили дигарро ба радиатори мошин пошид. Сипас ба кабина даромада нишасту дурудароз бо табассум ба рўйи Комрон нигарист.

  • Парво накун,- гуфт оқибат бо ҳамон табассум, ки рўяшро пур мекард.
    Ҳамаи тобишу оҳангҳои сухани ўро ифода кардану эзоҳ додан бағоят мушкил аст. Ў бо ду-се калима ба одами рамузфаҳм метавонад як олам маъниро фаҳмонад.

с. 1976

БУДУ ШУД - 83-ТИН!

Аз маҳаллаи навбунёд истиқоматгоҳи нав гирифтему бо хонаводаи Бобо-Амон ҳамсоя афтодем. Агарчи хонаи мо дар маҳали ҳаштум ва хонаи панҷҳуҷрадори бобо дар маҳали панҷум воқеъ аст, мо ҳамсояҳои наздик мудом аз ҳоли якдигар бохабарем. Бобо монанди ҳамаи мўйсафедон андаке сергаптар, вале ман одами пурсабрам - саргузаштҳои чандин борҳо аз даҳони пиракӣ шунидагиамро агар боз ба гуфтан сар кунад, дандон ба дандон монда мешунавам.
Лекин вақтҳои охир пиракӣ аз ҳаддаш мегузарад: рўзҳои якшанбе дар хонааш палави хоса пухта маро ҷеғ заданаш кам набуд магар, боз рўзҳои миёнҳафта ҳам безор мекунад: ба хастагиам нигоҳ накарда ба назди меҳмонҳояш ҷеғ мезанад.
«Як нафас дароед, аз барои иззати меҳмон», гўён ба ҳолам намемонад.
Ана, ин бегоҳ ҳам аз кор хастаю бедимоғ омада аз дар дароям, ду бор хабар фиристода интизор будани мўйсафедро гуфтанд.

  • Узр гўӣ, аз кор хеле хаста омадам, - гўён ба ҳамсарам супориш додаму кафшамро кашида, кулоҳамро ба либосовезак монда, тараддуди шустушў доштам, ки дар оҳиста роғ шуду аз он ними сари писари калонии бобо - Мақсудҷон намоён гашт.
пешина
аз 119
навбатӣ