Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ассалом. Амақ додом ба шумо нигаронанд. Тез биёед будаст.
    Бача инро гуфта-нагуфта сарашро аз дар берун кашиду ғайб зад. Фурсати узргўӣ ҳам надод. Ночор кафшамро дигар бора пўшидаму аз дар баромадам. Дар ин хел мавридҳо одам ҳарфе назанад ҳам, аз дилаш чиҳо гузаштанашро кӣ намедонад?
    Дар сари дастархон Бобо-Амон бо ҷавонмарди ба тахмин сиюпанҷсолаи мўяш пеш аз вақт мошу биринҷ ҳамсўҳбат буд.
    Ҳарду ба истиқболи ман аз ҷо бархостанд.
  • Э-э-э... Наҷунбед, наҷунбед! Безобита нашавед, - гўё он ҳарду ганҷеро ҳамин замон мерехта бошанд, шитобон аввал дасти боборо гирифта вохўрӣ кардаму сипас ба меҳмон даст додам ва сонияе ба таҳқиқ ўро аз назар гузарондам. Ҷавони боақл, боодоб, аз рафтораш дилпур барин намуд. Ба асари захме, ки дар таҳи манаҳи ман буд, зеҳн монданашро пинҳон кунад ҳам, банда пай бурдам ва ба хулосае омадам, ки ў духтур аст. Чунон ки аз назди кўҳнадўз гузаред, вай аввал ба поятон чашм медўзад, духтури ҳақиқиро бо як назар шинохтан мумкин аст.
    -Ҳамсояи азиз, ин кас духтур, номашон Абдурашид.
    Фамилияашон Саидуф мешудагист-да? А?-бобо бо табассум ба меҳмон рў оварду ба тасдиқи вай нигарон нашуда шиноскуниашро идома дод: -Падарашон, раҳматӣ Саидҷони нонвой одами асл буданд. Ҷояшон ҷаннат шавад, одами ҳалол буданд. Мо дар як маҳалла калон шудем... Э, афсўс, афсўс... - мўйсафед оҳе кашиду бо надомат сар ҷунбонд ва сонияе хомўш гашт. - Ҳама рафтанд. Ваҳ, ваҳ, ваҳ,...- Чашми ў лаҳзае ба нуқтае номаълум андармон гашт. Сипас аз қайди гузашта берун омаду ба мо рў овард: - Канӣ, ба нон нигаред. Ана, як пиёла чой, - мўйсафед аз рўйи одаташ ба пиёла панҷоҳ грамм барин чой рехта ба ман дароз кард.
    Чойро гирифтаму аз фурсат истифода карда бо меҳмон ҳолҷўӣ намудам.
  • Мулло, ман ба шумо гўям, ана ҳамин кас духтур, - бобо аз нав лаҷоми суханро ба дасти худ гирифт.
  • Ҳозир меҳмони азизи мо шудаанд... Илоҳо, умрашон дароз шаваду ҳаргиз рўйи камию костиро набинанд, роҳати фарзандонашонро дида, аз касбу корашон барака ёбанд, - дар байни сухан дуо кардан ба Бобо-Амон одат шудааст.
пешина
аз 119
навбатӣ