МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданҲамин корро кунед, канӣ чӣ сир мебинед. Асалу зираи бозори мо намешавад...
Ин дам ҳамсари Бобои Амон Ҳикоят-холаи дандонтилло дар як табақи сафолӣ палав кашида оварду мўйсафедро саргарми гап дида дарафтод:
- Ҳой, пиракӣ, камтар ақлу ҳушатонро ба ҷояш биёред, ҳамин гапро чандин бор ба ин кас гуфтед. Охир шумо ҳам мўйсафедони дигар барин як дам аз гўру қиёмат гап занед, аз уболу савоби дунё насиҳат кунед.
- Э, мон-е! - даст афшонд мўйсафед. - Ман як ҷояшро нагуфтаам, ана, ҳамонро гуфтанӣ будам... - Худашро сафед кард Бобо-Амон. Баъд ба мо рў овард: - Канӣ, меҳмонҳои азиз, ба дастархон наздиктар шинед, равғанаш начакад. Бай-байбай, худаш ҳам палавхонтўра шудаст-да! Ҳа, воқеан, байташ чӣ буд?- бобо боз ба ман рў овард.
- Ба нимрўзӣ агар бошад бисоторо палав хонро...
- Ҳа-ҳа, ба нимрўзӣ агар бошад бисоторо палавхонро...- мисраи дуюми шеър боз ба ёди пиракӣ нарасиду дасташ ба гўштпоракунӣ банд ба рўйи ман хира шуд.
- Фурўғи лангарӣ ҳайрон кунад хуршеди тобонро! - хитоб кардам ман ва бобо ҳамоно онро аз даҳони ман гирифта такрор кард.
Ин дафъа «палавхон»-и ўро ислоҳ накардам. Ҳар бор таъкид мекунам, ки «хон» ба маънии дастархон аст, аммо мўйсафед боз онро ба палав нисбат медиҳад. Аз афташ, бобо бар асари пирӣ хеле фаромўшхотир шудаст. Вале дигар гапу кори дунё мў ба мў дар хотираш ҳастанд-ку. Ҳамин як байт шеър ва номи як доруе, ки ин духтури ҷавон ба мўйсафед навишта додааст, ҳеҷ дар ёдаш намеистад ва ў ҳар боре байтро аз ману номи доруро аз ҳамсараш мепурсад. - Канӣ, ба ош нигаред! Ҳа, сар кардем. Гиред писарам...
Ҳа, ҳамсоя... Табақи чинӣ шикасту бетабақ... Рўзамон ба ҳамин сафол монд, - ошро хоида-хоида шарҳ дод бобо. - Ҳеч гап не, дар сафол ош хўрдан савоб мегўянд, - гуфтам ман.
- Суханатон ҳақ асту рост, писарам. Ба савоби ин ҳеҷ чиз баробар намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё