Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Албатта, агар табақи чинӣ ёфт нашавад, дар табақи чўбин ош хўрдан ҳам савоб, - ҳазломез сухан кард меҳмон.
  • Чумчаи чўбин барои чӣ гум шуд-а? На дар даст меёбед, на дар магазин. Кори ягон душман будаст-чӣ?
    Ман ба аломати намедонам китф дарҳам кашидам.
  • Ба ҳамон усто-Камол фармудам, се-чорта тарошида медиҳам гуфт, - суханашро идома дод бобо. - Чумчаи аллюмин катӣ мурам ҳам хўрок хўрда наметавонам.
    Ҳар се «ҳа, гиред, ҳа, гиред» - гўён як пайт ошхўрӣ кардему андаке шастамон гашта буд, ки бобо саргузашташро боз идома дод. Вай саросема нашуда ошро лўнда карда ба даҳонаш меандохту бафурҷа мехоид ва дар баробари ошхўрӣ, гоҳ ба яке, гоҳ ба дигаре нигариста, чунон сухан мегуфт, ки гўё ягон даъвоеро ба мо тасдиқ мекунонда бошад.
  • Хўш, ки бошад, сонӣ ин гапро шунидаму як рўзи шанбе, саҳар катӣ хеста ношто кардам, либоси гармакак пўшидам (тирамоҳрўя буд), ба хонавода гуфтам, ки...
    Агар ин саргузаштро аз забони Бобо-Амон айнан оварем, метарсам, ки таноби сухан хеле дароз мешаваду хонандагони азиз дилгир мешаванд, бинобар он нақлаш ҷоиз аст. Хулласи гап ҳамин, ки мўйсафед асали тозаю зираи холис кофта ба тарафи Ғарм меравад. Заҳмати зиёде кашида он давоҷотро ёфта меорад, вале аз он ҳам шифо намеёбад. Яке мегўяд, ки ба ин ҷароҳат гўшти кўрмуш дору, дигаре, талқин мекунад, ки пўсти хорпуштакро канда гармогарм ба ҷароҳат бандад. Аз байни ҳамаи ин доруҳо, аз чӣ бошад, ки шифобахшии шири шутур ба бобо боварибахш менамояд. Ба қавли худи мўйсафед ду-се одами корафтода ба вай ин маслиҳатро медиҳанд. «Пеши табиб нарав, пеши корафтода рав», - гўён бобо сабаби бовариашро ба ин ретсепт асоснок мекард. Аҷаб не, ҳоло камёб будани шутур бештар боборо ба шифобахшии шири он водор карда бошад.
    Дар ҷустуҷўи шири шутур ба Ёвон сафар кардани бобо, азоби роҳ, чанде хизмати шутурбонро адо намуданаш қиссаи дуру дарозест. Аз ҳама аламовараш ба бобо ҳамин буд, ки шутурбони нокас ўро бовар кунондааст, ки аз шири шутур дида пешоби он бештар дору аст. Мўйсафед чандин бор ба пешоби он ҳайвон даст шуста, ду шишаашро ба хона ҳам мебиёрад.
пешина
аз 119
навбатӣ