Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Як соли дароз, ба шумо дурўғ, ба Худо рост, аз ҳама кору бор мондам. Агар ба дард печед, ҳеҷ чиз ба чашматон наменамудаст - на кору бор, хонаю зиндагӣ, - хулоса мебаровард Бобо-Амон.- Калон-калон ош гиред... шумо ҳам ҳамсоя...
  • Қиссаи мор хўрданатонро нагуфтед-ку? - ҳарчанд ки медонам бобо ин ҷузъи саргузашташро ҳаргиз фаромўш намекунад, боз мепурсам.
  • Ҳозир-ҳозир... Калон-калон, гўшташ катӣ гиред... Байбай, аҷаб ош шудаст-да! - гуфт ў зоҳиран ба ҳамсараш шунавонда, ки дар хонаи дигар ҳамроҳи бачаҳо буд. - Дастат дард набинад, занак. Худам таъриф накунам, аз шумоён садо намебарод, - сипас шарҳ дод: - Ошро хўрда, ошпазро таъриф накунед, дилаш ганда мешавад.
  • Оши нағз, - гуфт меҳмон.
  • Янгаам ошпази моҳир, - ман ҳам ҳамовозӣ кардам.
    Бобо-Амон қиссаи морхўриашро баъди ошро хўрдан, дар сари чойи кабуд гуфт.
  • Оқибат дорую дармони наозмудагӣ намонд, гўям, хато намешудагист. Як ошнои носфурўш дорам... - Маънидорона ба якдигар нигаристани ману меҳмонро пай бурду мўйсафед бо табассум шарҳ дод: - Мегуфтагистед, ки ошноҳои ин одам ҳамааш бангию ҳангӣ будаст?! А? Не-е! - бо саволаш боз худи ў ҷавоб дод. - Ин ошнои носфурўш гуфтагем пештар, солҳои ҷанг, баъди ҷанг носфурўшӣ мекард. Кайҳо аз баҳри ин касбу кор баромада бошад ҳам, номи носфурўшӣ ба вай часпида монд. Агар Дўсталӣ гўед, ҳеҷ кас намедонад. Дўсталии носфурўш ба ҳама маълум. Ҳозир қаровули анбори чўбу тахта.
    Нафақа ҳам мегирад. Хўш, ҳамон Дўсталии носфурўш як рўз гуфт, ки як дору гўям, мекунӣ? Гуфтам, ки тезтар гўй, агар заҳр бошад ҳам, мехўрам, теғ бошад ҳам, худамро ба он мезанам.
    «Давои ин дардат кўрмор аст. Кўрмор ёфта хўр». «Кўрморро аз куҷо меёбанд?». «Деҳқонҳо ба бозор меоянд-ку, аз ҳамонҳо сўроғ кун. Сад сўм медиҳам гўй, баъзе одам кўрмор як тараф истад, аждаҳоро дошта мебиёрад!»...
    Қисса кўтоҳ, як нафар марди ангурфурўш як мори каланддаста баринро оварда ҳафтоду панҷ сўми боборо мегирад. Пири аз дарду шиканҷа ба дод омадагӣ чору ночор, бо чӣ машаққат морро шўрбо карда мехўрад.
пешина
аз 119
навбатӣ