Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Милён намуди сангҳоро дида.
Ин санг, вале, ки дар тани ту ҷо аст,
Дар шакли дил асту лек ин хоро аст.
Дар ҳеҷ макон надида будам мислаш,
Бо сахтии худ ба даҳр ин якто аст.
Ин гуна надида як музеи дунё,
Ин гуна надида ҳеҷ як кӯҳистон.
Ин санги ту ихтирои мулки ғайб аст,
Ин санги ту аст шоҳсанги сангон.
Чун лаъл намояду гарон аз лаъл аст,
Сангони дигар ба сангии он банда.
Аз сангии худ валек вай бехабар аст,
Охир кӣ бидида санги сурхи зинда?!
Бар соати дастиат нигаҳ месозӣ,
Оре, оре, ки вақти падрудат шуд.
Ворид бишавӣ ту дар Китоби Гиннесс,
Эй соҳиби санги зинда, бо нодири худ!
июни 2006
ГУЛИ САНГӢ
Эй баҳори ошиқзо,
Ман баҳормаъноям.
Гуфтаӣ, ки Раъно кист?
Ин манам, ки Раъноям.
Дар баландии дунё
Сангдухтаре будам.
Сангҷону сангинсар,
Сангпайкаре будам.
Ҳолиё, вале ин шаҳр,
Нарму пилагиям кард.
Ҳай бирешимӣ гаштам
Ман, мани шамоловард.
Нарм шуд дигар акнун,
Савту ҳарфу оҳангам.
Лек бо ҳама нармӣ,
Ман ҳамон гули сангам!
майи 2005
САРОРО ДИДАӢ, АММО…
Сароро дидаӣ, аммо сурайёро намедонӣ,
Ҷаҳонро дида бошӣ, ҳам, ту Раъноро намедонӣ.
Агарчи беҳтарин мардӣ, агарчанде ҷаҳонгардӣ,
Туи бедил нишонии сувайдоро намедонӣ.
Ба он ҳусни расои худ, ба он ақли фарои худ,
Ту қолабро парастӣ, лек маъноро намедонӣ.
Чу истиқлоли гуфтан дориву иқболи бишкуфтан,
Ту аз бозор мегӯиву савдоро намедонӣ.
Ба он, ки ҳафт сайёра надида чун ту хушрӯе,
Ту хулқи ахтари хушрӯи Зӯҳроро намедонӣ.
Мани зӯҳроситора аз туи Миррих ба ранҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё