Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
астам,
Ту охир ишқ мегӯиву шайдоро намедонӣ.
Сароро дидаӣ, аммо сурайёро намедонӣ,
Ту қолабро парастӣ, лек маъноро намедонӣ!
октябри 2005
РАҲНАВАРДИ ШАҲРИ РАББОНӢ
Дар забонам ё Муҳаммад, ё Алӣ,
Раҳнавардам ҷониби шаҳри Худо.
Ҷонамозам дар бағал, ё зоти Ҳақ,
Меҳаросам аз балои Карбало.
Ҳазрато, ман духтаре шайдои шеър,
Бо ниёзу сӯзу созе омадам.
Баъди рӯза, баъди фитру зикрҳо,
Баъди анҷоми намозе омадам.
Аз куҷо гирам раводиду зи кӣ?
То вуруди шаҳри раббонӣ шавам.
Баски медонам фақат дар он фазо,
Баҳравар аз шеъри ирфонӣ шавам.
Асрҳо шуд, асрҳо шуд, асрҳо,
Дар ниҳодам шӯълаи шеъри шифо.
Дар забонам ё Муҳаммад, ё Алӣ,
Меравам ман ҷониби шаҳри Худо.
феврали 2005
ОРИЁӢ
Эй ки нигоҳ мекунӣ хатти ману холи ман,
Дар нигаҳам сабт аст тарҷумаи ҳоли ман.
Сабзии чашмони ман қиссагар аз ориёст,
Зодаи Иронваҷам, шоҳиди ҳарфам Худост.
Асли ману насли ман фасл шуда дар ҷаҳон,
Бо дигар ақвоми даҳр васл шуда ҷовидон.
Орази ту гӯядам мову ту ҳамдудаем,
Гарчи раҳи мухталиф мову ту паймудаем.
Аз чӣ қадар дуриӣ, аз чӣ ҷаҳони кушод?
Бо ҳама бегонагӣ ту ба манӣ ҳамнажод.
Нури худододи ту нури хуши кибриёст,
Ин дили ман гӯядам, к-ин гуҳари Ориёст.
Эй ту ба ман ҳамнасаб, эй ту ба ман ҳамнажод,
Насли хуши ориён бо ҳаму поянда бод!
майи 2005
ДУ ОФТОБ
Ё бори Худо, виқор меояд боз,
Бар ҷисми фано мадор меояд боз.
Бар мулки хазонзада ба фармони Худо,
Сарсабз баҳори сор меояд боз.
Шояд дигар ин замон дигар мегардад,
Он кӯҳна, ки буд, ҳамон дигар мегардад.
Ҳар кӯҳнаву нав дигар ҳама нав шуданист,
Ҳам ҳарф ва ҳам баён дигар мегардад.
К-аз ҷониби Мағриб офтобе дигар,
Бо ҳусни хушу фару ниқобе дигар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё