Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Омад сӯи офтоби Машриқ рахшон,
Хуш ой, ту, офтоби нобе дигар.

Дар як фалаке дуофтобӣ кай буд?!
Ин гуна фалак ҳама гулобӣ кай буд?!
Кай дидаӣ ин қадар чароғон олам?
Ин гуна каломи ман уқобӣ кай буд?!

Оре, оре, замон дигар мегардад,
Ҳам ҳарф ва ҳам баён дигар мегардад.
Аз шеъри ман он чӣ буд номақбулат,
Ё бори Худо, ҳамон дигар мегардад.
майи 2005

ОФТОБИ ЗАМИНӢ

Ончунон, ки Боби Қамбар буд шайдои Алӣ,
Ончунон, ки буд Мавлоно асири Шамси дин.
Инчунин ман волаат ҳастам тамоми умри худ,
Инчунин сӯзам аз ишқат гаҳ чунону гаҳ чунин.

Ишқи рӯҳонии ту шеъри маро тавлид кард,
Рӯҳи ман, ҷони маро пайванд бо тавҳид кард.
Аз саро то бар сурайё буд зикри ҳусни ту,
Дидаам чун дид ҳуснат, ид пушти ид кард.

Ончуноне, ки камар баста Сурӯши бовафо,
Буд истода пайи хидмат намудан бар Худо.
Инчунин дар хизматат ҳастам, ҳаме баста камар,
Инчунин хоҳам бимонам умрҳову умрҳо.

Ман ба номат саҷда орам, рӯ ба сӯи ҷонамоз,

пешина
аз 82
навбатӣ