Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Толибу соили ман аст, биё, то наравам.
Ту ҳама умр маро зулм раво мебинӣ,
Ин вале одили ман аст, биё, то наравам.
Ту зи маънӣ ба канориву ба ҷаҳлӣ наздик,
Ин вале фозили ман аст, биё, то наравам.
Инчунин ҳадяи хубе, ки фаро шуд, шояд
Аз Худо нозили ман аст, биё, то наравам.
январи 2005

БЕҲУДА

Ҳар қадар аз ту гурезам, ҳамааш беҳуда,
Ҳар қадар бо ту ситезам, ҳамааш беҳуда.
Дар раҳи бо ту будан ё набудан, кайҳо боз
Ҳар қадар афтаму хезам, ҳамааш беҳуда.
Шеър, гар баҳри бузургиву сӯят то ба ҳанӯз
Норавон мисли Сарезам, ҳамааш беҳуда.
Вақт шуд, боядам оҳиста кунун раҳ бикушуд,
Варна кам-кам, ки нарезам, ҳамааш беҳуда.
Оҳ, Раънои азизам, бари кӯмак, ҳайҳот,
Кӯшиши дер ва тезам, ҳамааш беҳуда.
Боядам роҳ кушуд аз тарафе ҷониби баҳр,
Варна то мисли Сарезам, ҳамааш беҳуда.
январи 2002

ТАВАККАЛ

Пас аз ин ҳарчӣ шавад ҳам, ҳадафе пеша кунам,
Дигар аз оқибати кор чӣ андеша кунам?!
Бас, дигар фикри равам ё наравам аз деҳи

пешина
аз 82
навбатӣ