Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

худ,
Бас дигар, фикр на аз беху на аз реша кунам.
Оҳ, ман санг шудам дар деҳи сангистонам,
Меравам, фикр на аз дашту на аз беша кунам.
Гуфтиям рафтани ту теша ба реша задан аст,
Меравам фикр на аз теғу на аз теша кунам.
Меравам шаҳри калон, боз чӣ андеша кунам,
Ин магӯ лек ба он ҷо абадӣ реша кунам!
майи 2003

БЕ ТУ

Он қадар рафтани ту аст гаронам, эй дӯст,
Ки дигар сӯи фано зинда равонам, эй дӯст.
Ки дигар чор аносир ҳама бар ман ҳеҷанд,
Ки дигар пир шудам, гарчӣ ҷавонам, эй дӯст.
Бе ту ин шаҳр на чун шаҳр, дигар наҳре аст,
Рӯи ин наҳр чу як барги хазонам, эй дӯст.
Рафта сӯи дигарон, карда маро ҳай нигарон,
Чи кам, аммо ту бигӯ, аз дигаронам, эй дӯст.
Ё зи тӯмори азизи ту чунин баста шудам,
Ки тагорӯ шуда пинҳону аёнам, эй дӯст.
На ба раъноии худ моили хешат кардам,
На мубориз буданам дод тавонам, эй дӯст.
Чи Мубориз ва чи Раъно шудаам, войи мане,
Ки яке гӯл зи ман бурд забонам, эй дӯст.
Он қадар рафтани ту аст гаронам, эй дӯст,
Ки дигар шеър надорам, ки бихонам, эй дӯст.
июли 2007

МАН АЗ ТУ ЗӮРТАРАМ!

пешина
аз 82
навбатӣ