Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЗАМИМАИ ХУРШЕД

Эй рӯи ту замимаи хуршеди осмон,
Ин ҷо дигар бимон.
К-ин минтақа ба нури ту дорад ниёзҳо,
Ин минтақа, ки ҳаст шуда дар фарозҳо.
Ин минтақа, ки пур шуда аз сӯзу созҳо,
Ин минтақа, ки монда ба зулмоти тирае,
В-ин ҷо на барқ асту
На хуршеди бедиранг.
В-ин манзили бананг
Безори сангу санг.
К-аз санги худ, ки зеби ҷаҳони бурун бувад,
Худ баҳрае набурдаву монда ба ҳоли танг.

Эй офтобзод!
Эй нуриённасаб!
Аз ин диёр рафтани ту нораво бувад,
Падруди ту ба мардуми ин ҷо ҷазо бувад.
Аз рафтанат зи тира музофоти беҳаёт,
Эй қосиди наҷот,
Ҳатто, гумон кунам, ки Худо норизо бувад.

Эй ёри дастгир,
Эй ҳастии мунир!
Мӯҳтоҷи нур аст
Ин мардуми фақир!
Эй рӯи ту замимаи хуршеди осмон,
Эй Ҳотами замон,
Ин ҷо дигар бимон.
феврали 1996
ҶАВОНИИ БАЪДИ ПИРӢ

Иншооллоҳ, ҳаёти ман хуштар шуд, иншооллоҳ!
Ранҷам чу камол дид, ганҷовар шуд, иншооллоҳ!
Аз баъди чи нағмаҳои пурозоре, оре, оре,
Оҳангари ёри ман дигар заргар шуд, иншооллоҳ!
Бечораи шеъри ман ба сад душворӣ, бо сад хорӣ,
Кӯчида ба зеҳни мардум аз дафтар шуд, иншооллоҳ.
То ҳол бигуфтаму набишнид касе, нашнид басе,
Акнун шунаво ҷаҳони гунгу кар шуд, иншооллоҳ!
Дигар ҳама гуфтаҳои бинҳуфтаи ман, нашкуфтаи ман,
Имрӯз ба аҳли дӯстон азбар шуд, иншооллоҳ!
Аз баъди хазону пирии пурармон, шукрат,
Яздон,
Иншооллоҳ, баҳори умрам сар шуд, иншооллоҳ!
майи 2004

ПАЗМОН

Ай боди ҷануб, нағмагар меоӣ,
Аз ҷониби даргаҳи падар меоӣ.
Пазмонам аҷаб ба зодгоҳам, ай бод,
З-он кунҷи Ватан бо чӣ хабар меоӣ?

Ин шеъру ғазал зи манзилам дурам кард,

пешина
аз 82
навбатӣ