Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ҳадиси бод магӯ, ин қадар зиёд магӯ,
Ба меҳр ҳарф бизан, бехудона дод магӯ.
Бубин, ки шеъри ман аст ин, ки рӯбарӯи ту аст,
Ту бедилона варо навтарин мавод магӯ.
Туи бузург биғунҷӣ ба шеъри кӯчаки ман,
Ҳудуди шеъри маро тангу ҳарзазод магӯ.
Ман ориёияму аз нажоди хубонам,
Маро зи ҳар насабеву зи ҳар нажод магӯ.
Муборизи раҳи ишқам мани назарногир,
Маро ба фанни муҳаббат ту бесавод магӯ.
Ба он ки кӯҳи бузургӣ, ба он ки мушти парам,
Ман аз ту зӯртарам, ёри ман, наход магӯ!
марти 2007
ҲАДИСИ ТАҚДИР
Хуршед ба тори сар балогардон аст,
Дил моили мулки дури кӯҳистон аст.
Хоҳам, ки даме сӯи ғизолон биравам,
Алъон биравам, вале куҷо имкон аст.
Эй шамс, саломи ман ба Помир бубар,
Бар кӯҳи баланди кабку нахчир бубар.
Дур афтодам, чи гуна дур афтодам,
Бар зодгаҳам ҳадиси тақдир бубар.
Ҷону тани ман ба шаҳр саргардон аст,
Дар сина вале ҳавои кӯҳистон аст.
Ҳастам дигару дигар будан маҷбурист,
Эй дӯст, муборизӣ магар осон аст?!
декабри 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё