Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ҳарфи боронии ман ҷорӣ ба сӯи рӯд шуд.
То қатори шоироне номи ман мавҷуд шуд,
Ин фишори хуни ман сӯи само чун дуд шуд.
Ин қадар пурхавф гашта роҳи шеъру шоирӣ,
Он тарафро буд кардам, ин тараф нобуд шуд.
феврали 2005
МАРДИЯМРО МЕБАРӢ
Мардикорӣ меравӣ ту, мардикорӣ меравӣ,
Баҳри ёрӣ ҷумла зорӣ, ҷумла хорӣ меравӣ.
Меравӣ саркӯб аз имкони нохуби замон,
Оҳ, услуби замон!
Охирин мард аз деҳи шабзиндадорон меравӣ,
Аз диёри сангбезори кӯҳистон меравӣ,
Баҳри пайдо кардани нон меравӣ,
Ҷон ба каф бигрифта беҷон меравӣ,
Эй муҳоҷир, лолу ҳайрон меравӣ,
Қувваи кории арзон меравӣ.
Чист дар мулки ғарибӣ интизори рафтанат?
Кист дар мулки ғарибӣ интизори рафтанат?
Эй бародар, сӯхт ҷонам аз қарори рафтанат,
Аз қарори бовиқори рафтанат.
Дардҳо мемониву ҳамдардиямро мебарӣ,
Бо талоше, ки сукуту сардиямро мебарӣ.
Эй бародар, соҳиби диплому унвони зиёд,
Гарчи худро мард мегуфтам қатори мардҳо,
Мардикорӣ меравию мардиямро мебарӣ.
майи 2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё