Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
БА МАРДОНЕ, КИ ҶОҲИЛАНД
Нақл мекунанд, ки арабҳои саҳронишин аз доштани духтар, ки ба ҷангу забткориҳо қодир нест, ҳазар мекарданд. Қабилае, ки дар куштори духтарон ҳамто надошт, тоифаи Бани Тамим буд. Қайс ибни Осим - намояндаи ин қабила аз касонест, ки нахустин шуда ҳамаи духтарони худро зиндадаргӯр кардааст.
Оҳ, мардоне, ки чун Қайси араб
Зиндагӯрам мекунед,
Лолу кӯрам мекунед.
Ҳар куҷое даст доред,
Аз мукофоту зи мансаб,
Бо усули мухталиф,
Маҳруму дурам мекунед.
Бас хушунат, бас ҷафо, эй мардҳо,
Бас фиребу ваъдаҳо,
Бас дурӯғи ошно,
Бас ҳама ин абр будан
Дар раҳи парвози мо.
Чун ду узви як бадан ҳастем гар,
Мисли ҷону мисли тан ҳастем гар,
Аз азал мардед, зан ҳастем гар,
Ҳарду инсонем охир, ҳарду махлуқи Худо.
Пас чаро худро баланд аз мо шиносед?
Узр мехоҳам, валекин,
Носипосед, ай азизон, носипосед!
январи 1990

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё