Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Ёри ҳамдинам бидеҳ,
Шахси бекинам бидеҳ,
Тахти зарринам бидеҳ,
Тоҷи симинам бидеҳ,
Пирдухтар мешавам,
Ҷуфти ширинам бидеҳ.
Навбаҳор, эй навбаҳор,
Навбаҳори бахтиёр,
Навбаҳори ғамбарор,
Навбаҳори хушнавор,
Рӯзи Наврӯзи азиз
Бахт бар ман ҳадя ор.
марти 2008
БЕГОНА ШУДӢ
(Барои фарде, ки рӯзони сахти Ватан
рӯ ба мулкони осуда овардаву инак бозомада)
Эй рафта ту чанде пеш
Аз шаҳри карахти ман.
Аз динаи мӯҳтоҷӣ,
Аз динаи сахти ман.
Имрӯз чӣ мехоҳӣ
Бо омади новақтат?
Мӯҳтоҷи ҳузурат нест
Имрӯзи бабахти ман.
Бо он ҳама рафтанҳо
То мамлакатони хуб,
То зиндагии марғуб,
Ман ҷозибу ту маҷзуб,
Ман ғолибу ту мағлуб,
Ман соҳибу ту саркӯб.
Эй омада хуш о, лек
Бегона шудӣ дигар
Бар манзилу тахти ман,
Бар сангу дарахти ман,
Бар пораю лахти ман.
Эй рафта ту чанде пеш
Аз динаи сахти ман,
Мӯҳтоҷи ҳузурат нест
Имрӯзи бабахти ман!
феврали 2004
САЛОМ, ПИРӢ!
Дигар ба ҳифзи ҷамолам ман иқтидор надорам,
Ба гуфтани ғазале шавқ ин баҳор надорам.
Дигар хумори нишастан ба ин диёр надорам,
Аз ин диёр бибояд ҷудо шавам, эй дӯст!
Дигар куҷо нафаре, ки маро сурур фиристад,
Куҷо базеби бануре, ки мавҷи нур фиристад.
Ҷуз офтоб, ки нураш зи мулки дур фиристад,
Аз ин канор бибояд раҳо шавам, эй дӯст!
Салом, пирии хира, саломи ваҳмолуд,
Зи диданат чи ғаминам, туӣ чаро хушнуд?
Салом, мавсими зишти пур аз дусад камбуд,
Аз ин баҳор бибояд фано шавам, эй дӯст?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё