Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
июли 2004
САНГИ САБУР
НОМА БА АФҒОНИСТОН
(Ба румоннависи ҷавон Маҳсо Тоеъ)
Ин замон, ки сарзамини Кобулат
Аз толибон озод шуд.
Дар куҷоӣ ҳамраҳи Меҳроби худ?
Ҳамраҳи шаҳбаччаи бехоби худ?
Хоҳарам, ай хоҳари хушрӯи ман,
Хоҳари ҳақгӯи ман,
Эй, ки табъи ту равон чун рӯди Панҷ аст,
Эй, ки домони диёрат пур зи ганҷ аст,
Эй, ки мулки ту вале
Аз ганҷҳои худ ба ранҷ аст.
Хор буду хортар шуд
Кобулу Балху Самангон,
Қундузу Бағлону Парвон,
Дӯшию Солангу Хинҷон,
Пули Хумриву Бадахшон,
Эй дареғи марзи афғон!
Душманони кишвари ту нест бодо,
Соҳибистиқлол бошӣ, хоҳари ман,
Соҳиби иқбол бошӣ, хоҳари ман,
Ҳамҷавору ҳамзабону ҳамқалам,
Эй хоҳари хушпайкари ман.
Лек ҳоло дар куҷоӣ
Ҳамраҳи шаҳбаччаат Меҳроби худ?
августи 2003
ОҲ, МАЗОРИ ШАРИФ!
Толибон дар Афғонистон коре карданд, ки онро дар қомуси башарият касе надида.На гург, на кафтор, на даррандаи дигар чунин ваҳшоният содир нахоҳад намуд: зиёда аз 30 ҳазор одамро дар Мазори Шариф қатл карданд. Аз кӯдаки тӯи гаҳвора то пири барҷомонда. Се деҳаро батамом аз байн бурданд, баъд аз оне, ки шикаст хӯрда, бозпас мерафтанд.
(Аз нақли шоираи афғонӣ Шафиқа Ёрақин, ки аз ҷабри толибон рӯ ба фирор оварда, алъон хориҷ аз майҳани худ заҳри ғурбат мечашад)
Мазори Шариф, ай диёри шариф,
Чи хорат намуданд,
Зорат намуданд,
Яксар мазорат намуданд.
Дар оташ ту месӯхтиву
Ман аз ғам,
Чи миқдор кам гаштӣ,
Он қадр ман ҳам шудам кам.
Ту мотам гирифтиву
Он рӯзгорон
Ду чашми сарам буд
Ҳамвора пурнам.
Барои шаҳидони рӯзи сиёҳат
Ва мадфангаҳи булбули Шарқ – Зоҳир
Танам шуд валангор,
Дилам шуд мазоре –
Мазори пурозор.
майи 2005

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё