Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро аз Тоҷикистон
Ба Эрони бостон
Меҳри шеъри ту овард.
Ва дар бузургшаҳри Теҳрон
Туро ҷустам бо беқарориҳои зиёд
Ва одресатро ёфтам.
Оре, ёфтам ва шитофтам
Ба самти Бузургроҳи
Курдистони Ҷанубӣ,
Ба хиёбони Шайх Баҳоӣ,
Ба Бурҷи Саҳанд.
Ва беҷуръатона даст бурдам
Ба дастаи дарат,
Ба нияте, ки ақаллан
Дастаи даратро палмосида бошам,
Ки шояд рад гардам
Аз остонаи дарат.
Ки шояд …
Вале дар кушода шуд
Ваҳ … Худ ба рӯи ман кушудӣ дар.
Ба ларзиши дилу садову даст
Чи гуфтамат надонаму
Бигуфӣ: «Чашм! Чашм!»
Ва ман дигар …
Чӣ гӯямат ?! Чӣ гӯямат?!
Аз он замон дигар каси баорзурасидаам!
августи 2004

ХАЁЛИ НОБ

Фурӯ равам, фаро равам,
Ба сар равам, ба по равам.
Ба самти н-ошно равам,
Равам, вале куҷо равам?!
Ту нестӣ дар он ҷаҳон,
Ба он ҷаҳон, ки ман равон.
Ту дар ҷаҳони дигарӣ,
Ҷаҳони пасти ноаён.

Вале хаёли бардурӯғ,
Барад маро сӯи фурӯғ,
Сӯи самои улвиён,
На сӯи дашти замбурӯғ.

Хаёл, ин хаёли ноб,
Аҷаб диҳад маро азоб.
Зи ҳеҷ чиз сохта
Барад сӯи сароби ноб.

Фурӯ равам, фаро равам,
Аҷаб хато – хато равам,
Пайи хаёли шоирӣ
Ба кишвари Худо равам.
майи 2004

САНО БА ҲАМСАРАТ

Маро нишот додаӣ, нишот бин, нишот бин,
Маро субот додаӣ, субот бин, субот бин.
Ҳаёти ман зи буданат ҳамеша шоирона аст,
Ҳамешагӣ ҳаёт бин, ҳаёт бин, ҳаёт бин.

Ба сӯи ту талошҳо ба зарб мекунам, вале

пешина
аз 82
навбатӣ