Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа
Зи сардият талоши ман ба коми бод меравад.
Ҳазор нокасӣ кунӣ муқобили касии ман,
Ту боз ҳам ба ёдиву ҷаҳон зи ёд меравад.
Ту ҷолибӣ, ту ғолибӣ, ту соҳибӣ ба ҷозиба,
Ва бо ҷилову ҷазби худ маро ба хеш мекашӣ.
Ва бо ҳамин кашиданат, хабар нагашта, як замон
Маро зи байни шоирон ба хатти пеш мекашӣ.
Сано ба модарат раво, бузург аст, ӯ бузург,
Ки инчунин ба шавқҳо туро базеб офаридааст.
Санои рашкдори ман ба ҳамсари азизи ту,
Ки бо чи қудрате туро ба даст оваридааст?!
майи 1998
МАН ИШҚ НАМЕХОҲАМ
Ман ишқ намехоҳам,
К-аз ишқ чӣ мебинӣ?
Ҷуз фурқату маҷнунӣ,
Ҷуз нокасиву дунӣ,
Ҷуз сӯзишу дилхунӣ
Ман ишқ намехоҳам.
Ман ишқ намехоҳам
К-аз ишқ ситам дидам.
Беҳуда чи ғам дидам,
Андӯҳу алам дидам,
Шодӣ ками кам дидам,
Ман ишқ намехоҳам.
Ман ишқ намехоҳам,
Чун оқибаташ хорист,
Дилсардиву беморист,
Шабҳо ҳама бедорист,
Аз ҷон ҳама безорист,
Ман ишқ намехоҳам.
Ман ишқ намехоҳам,
Бе ишқ чи озодам,
Вораставу дилшодам,
Ҳайфи дами барбодам,
Чил соли пур аз ёдам.
Ман ишқ намехоҳам!
июни 2004
ХОБ Ё БЕДОРӢ
Ин хоб бошад ё хаёл,
Ё сурати амри маҳол.
Ё ин навори бардурӯғ,
Ё ин камоле ё завол?
Ман динаяк пайдо шудам,
Нинӣ будам, Раъно шудам?
Пур шуд ва ё не чиллаам,
Чил пилла ман боло шудам?
Эй соҳиби вақту фазо,
Эй хоҷаи хоку само,
Ку нақши дасту пои ман
Дар тайнамуда зинаҳо?
Не, ин шитоби ту абас,
Ин як намоиш асту бас.
Дастам раҳо кун аз камар,
Бошаст гардам бозпас.
Мон, мон, ки ман танҳо равам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё