Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
вақтҳо аз муаллима Шоиста Нозимова таълим гирифта буд ва худро бо ифтихор шогирди ӯ меномид, дар мавридҳои бо муаллима вохӯрданаш, «муаллимаҷон» гӯён муроҷиат мекард.
Розия бо камоли таҳсин гуфт:
- Клубро хеле хуб оро додаанд, муаллимаҷон, - баъд вай ба бачагон муроҷиат кард:
- Генерал беҳуда мактаби шуморо интихоб накарда будааст! Бачагон ҳанӯз ҷавоб надода буданд, ки ба клуб директори мактаб Осими - ҷавони тахминан сиюпанҷсолаи хушқаду қомат, муаллимон, якчанд кас аз кормандони идораҳои шаҳр, ду нафар майор ва ҳамроҳи онҳо генерал - марди тахминан шастсола даромада омаданд. Генерал рӯи дароз, пешонаи васеъ дошт.
Ҳама аз ҷой хестанд. Генерал ба мактаббачагон рӯ овард ва бо овози баланд ва бурро гуфт:
- Салом, бачагони азиз!
Бачаҳо бо як овоз ҷавоб доданд:
- Салом, рафиқ генерал-полковник!
Директори мактаб пеш аз ҳама муаллимонро бо генерал як-як шинос кард, ба шарафи ӯ нутқи табрикӣ эрод намуд ва баъд ба худи вай сухан дод.
Генерал Петров оҳиста аз курсӣ хеста, қомати худро бо низом рост кард ва аҳли толорро оромона аз назар гузаронд. Ҳама аз генерал чашм наканда, мунтазири нутқи ӯ орому хомӯш менишастанд.
Генерал панҷаи худро беихтиёр ба манаҳи борики худ бурда, сар кард:
- Ба шумо, бачаҳои азиз, як воқеаи солҳои пурошӯбро ҳикоя мекунам... Соли 1929 буд. Ҷанговарони мо чанд шабу чанд рӯз кӯҳ ба кӯҳ гашта, босмачиёнро таъқиб мекарданд. Босмачиҳо ба зарбаҳои мо тоб оварда натавониста, торафт ба дарунтари кӯҳсор гурехта мерафтанд. Ҳамроҳи мо, аскарони сурх, ихтиёриён низ бисёр буданд. Дар яке аз задухӯрдҳо аз ихтиёриён як ҷавон, ки хеле ҷасур буд, ҷароҳати сахт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё