Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бардошт. Вайро ба ҷое бурда, табобат кардан зарур буд. Худамон аз бехобӣ хаста шуда ва аспҳоямон аз роҳгардии бисёр шалпар гардида буданд. Беист борон меборид ва шамоли сахт мевазид, ҳатто ман ба аспи худ раҳм кардаму аз рӯи зин фаромадам. Дигарон ҳам ба ман пайравӣ карда, аз аспҳояшон фаромаданд. Рӯз торик шуд, дар пойҳои мо мадори роҳ рафтан намонд, маслиҳат карда қарор додем, ки шабро дар ягон деҳаи наздик гузаронем.

  • Ҳамин замон ба деҳаи ин ҷавон мерасем. Ӯро ба хешовандонаш месупорем, муолиҷа мекунанд. Аҳли деҳаи Навбоғ бисёр одамони хубанд, моро хафа нахоҳанд кард, - гуфт кадоме аз ихтиёриён...

Генерал лаҳзае хомӯш шуд ва сарашро саҳл ба тарафи рост хам карда, бо қирраи чашм ба муаллима Шоиста нигоҳ кардан гирифт. Муаллима ҳам, ки сар то по гӯш шуда, ҳар як каломи генераЛро дар гӯш нигоҳ медошт, якбора дар ҷояш ҷунбида монд, баъд ба генерал бо диққат чашм дӯхта, ба пеш майлон шуд.

  • Илоҷи дигар ҳам набуд, - давом дод генерал.

  • Мо ба сӯи он деҳа раҳсипор шудем. Босмачиён аз сари кӯҳ моро дидаанд ва ба куҷо рафта истоданамонро пай бурдаанд. Ҳангоми ба деҳа расидани мо, рӯз аллакай торик шуда буд. Аҳли деҳа аскарони сурх ва ихтиёриёнро дар хонаҳои худ зуд ҷо ба ҷо карданд, хӯроки гарм доданд. Ҷавони ярадоршударо хешовандонаш ба хонаи худашон, ки дар он ҷо зани ҷавонаш вайро кайҳо боз интизор будааст, бардошта бурданд.

Мо либосҳоямонро накашида, сар ба болин гузоштем. Шахсан худи ман чӣ қадар вақт хоб рафтанамро нафаҳмида мондам, фақат ҳаминашро медонам, ки касе нихта карда мегуфт:

  • Фармондеҳ, фармондеҳ... Ман чашмонамро накушода, худ ба худ мегуфтам: «Во аҷабо, ин кист, ки дар бевақтии шаб маро бедор мекунад? Чӣ воқеа рӯй дода бошад?» Чашмонамро кушодам. Дар наздам соҳиби
пешина
аз 349
навбатӣ