Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
хона - марди миёнсоли ғӯриш меистод.
- Босмачӣ, босмачӣ омад, фармондеҳ! - мегуфт ӯ. Аз ҷоям ҷаҳида хестам. Дар ҳақиқат аз чор атрофи деҳа садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Босмачиён моро иҳота карда буданд. Онҳо ҳатто ба хонаҳое, ки дар канори деҳа буданд, зада даромадаанд ва мардуми нотавону беяроқро азоб додаанд. Хонаи он ҷанговари ярадор ҳам дар канори деҳа буд. Онҳо ба хонаи ӯ даромада, ӯро дар рӯи бистар маҷрӯҳ мебинанд, бо вуҷуди он «Ана, акнун ба дастамон афтодӣ» гӯён хеле азоб медиҳанд, сониян ба зорию таваллои аҳли оилааш нигоҳ накарда, ӯро тирборон мекунанд.
Шоиста безобита шуд, чашмонаш об гирифтанд. Аҳли толор инро дида, аз муаллима чашм намеканданд. Генерал бошад, ба хаёлот дода шуда, ба кадом як нуқтаи шифт назар кард ва риштаи фикрашро батартиб оварда, суханашро ботамкин идома дод:
-
Вале мо ҳанӯз аз ин воқеа хабар надоштем ва то ҷон дар бадан доштем, ба муқобили босмачиён меҷангидем. Онҳо торафт ба дарунтари деҳа зада медаромаданд. Ана дар ҳамин вақт зани ҳамон ҷавони аз дасти босмачиён кушташуда фурсат ро аз даст надода, аз худ дониста, ба аспи шавҳараш савор мешавад ва ба гарнизони мо рафта, воқеаро хабар медиҳад. Аз ин ҳам мо хабар надоштем. Душманон махсусан аз оташи пулемётҳои мо, ки тири онҳо мисли жола ба сарашон меборид, ниҳоят метарсиданд ва ба аскарони сурху ихтиёриён наздик шуда наметавонистанд. Ба ногаҳ кадоме аз аскарон ба ман муроҷиат карда гуфт:
-
Рафиқ фармондеҳ, тири пулемёт тамом шуд. Чӣ кор мекунем?
-
Меҷангем! - ҷавоб додам.- Бо милтиқ, бо таппонча меҷангем, то қатраи охирини хунамон меҷангем ва худро зинда ба дасти ин аблаҳон намедиҳем!
Ана дар ҳамин лаҳзаи мушкил садои «урра», садои кайҳо боз ба ман шинос ба гӯш расид. «Кадоме аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё