Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сокинони деҳа аз фурсат истифода бурда, ба гарнизон рафтааст ва аскарони сурхро аз вазъияти мо огоҳонидааст», — гуфтем ба якдигар ва боз далертар шуда, босмачиёнро аз ду тараф таъқиб кардем. Онҳо талафи калон доданд ва роҳи гурезро пеш гирифтанд. Агар он ҷавонзан намебуд, он шаб на танҳо шавҳари ӯ, балки ман ва дигарон ҳам қурбон мешудем. Танҳо диловарии он ҷавонзан буд, ки аскарони мо, аз ҷумла ман ҳам зинда мондам. Он ҷавонзани ҷасур ҳоло муаллимаи мактаби шумо мебошад, ки дар ин ҷо, дар паҳлуи ман нишастааст. Вай Шоиста Нозимова аст...

Аҳли зал, ки хомӯш буданд ва аз ҳар ду — генерал ва муаллима чашм намеканданд, якбора пичир-пичиркунон ба гап даромаданд. Шоиста бошад, бо чашмони тар аз ҷояш ҷаста хест ва бо овози гирифта гуфт:
— Шумо... мебахшед...

Аҳли зал боз ба ҳаяҷон омад, вале ҳама хомӯш буданд. Ҳама аз ин ду кас чашм намеканданд, ҳар як ҳарф, ҳар як калимаро бо диққат дар гӯш мегирифтанд. Ҳусусан Сурайё дам нишаста ва дам нимхез шуда, кӯшиш мекард, ки ягон калимаро нашунида намонад. Дар охир генерал ҳам ба ҳаяҷон омад ва аз ҳар ду дасти муаллима гирифта, бо овози нарм ва ҳисси пур аз шафқат гуфт:
— Шоиста, фикр кун, ба хотир биёр, Петров, Петров амак...

Бо шунидани суханони охирини генерал муаллима худро ба оғӯши генерал андохт ва монандӣ духтари хурдсоле, ки пас аз ҷудоии дуру дароз бо падари меҳрубонаш вохӯрда, аз шодӣ гиря мекарда бошад, ашки шодӣ рехт ва дигар гап зада натавонист. Танҳо як калима ба гӯши аҳли толор мерасиду халос: «Амак, амак...».

Генерал Петров муаллимаро меҳрубонона дар назди худ, ба курсӣ шинонд ва баъд ба аҳли толор, махсусан ба бачагон нигариста, суханашро давом дод:

пешина
аз 349
навбатӣ