Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳа, - ман бо Шоиста Нозимова дер боз шинос ҳастам. Ман аз вай бисёр миннатдорам, на фақат ман, балки дигарон ҳам... Ҳоло ҳам дар хотирам ҳаст. Пас аз як ҳафта Шоиста назди ман омада гуфт:
  • Петров амак, акнун ман чӣ кор кунам? Он шаб ба гарнизон, омадаю рафтанамро душманон фаҳмидаанд, қасос нагирифта намемонанд.
    Ман ба вай маслиҳат додам:
  • Ба Душанбе рав, хон, саводатро барор. Акнун давр-даври шумо, ҷавонон...
    Шоиста ҳамин тавр ҳам кард. Дере нагузашта ман боз ба Руссия рафтам ва то ҳамин қарибиҳо аз Шоиста хабаре надоштам. Пеш аз омаданам ба ин ҷо аз як рӯзнома очеркеро хонда фаҳмидам, ки Шоиста Нозимова сиҳату саломат будааст. Инак, ман дар шафати Шоиста истода, ба шумо аз диловарии ин зани ватанпарвару шуҷоъ нақл кардам...

Чӣ тавр ба охир расидани ин вохӯрии фаромӯшнашавандаро Сурайё нафаҳмида монд. Вақте ки ҳама аз толор мебаромаданд, вай ба худ омад ва беихтиёр суханони генералиро такрор кард: «Зани ватанпарвару шуҷоъ...»

  • Ана муаллимаи ман кӣ будаанд! Канӣ акнун Надим забондарозӣ кунад! - гуфт Сурайё бо овози баланд ва аз бинои мактаб баромада, ба тарафи хона тез-тез қадам ниҳод.
    Ӯ мехост худро зудтар ба ҳавлӣ расонад ва чӣ гуна одами ғамхор, ҷасуру ҷонсипор будани муаллимаашро ба модараш ҳикоя кунад.

Сурайё роҳ мерафту танҳо ҳамин ду калимаро бо ҳисси ифтихор ба забон меовард:

  • Муаллимаи ман! Муаллима...
пешина
аз 349
навбатӣ