Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҶОН ДОДАРАКАМ!

Ҳама ба танаффуси калон баромаданд. Дар долони дарози бино ва ҳавлии васеи мактаб, ки аз сердарахтӣ боғи хуррамеро мемонд, бачаҳо гап задаю хандида мегаштанд. Танҳо Саттор - бачаи ёздаҳсолаи логарандом, сиёҳпӯст ва мешчашм ҳанӯз ҳам дар паси парта менишаст ва аз рӯи китоб сар намебардошт. Вай ҳикояи Максим Горкий «Пепе»-ро бо рағбати тамоми мутолиа мекард. Ана ҳикоя ҳам ба поён расид ва Саттор суханони охиринро бо овози баланд такрор карда, аз ҷояш бархест: «Бачаҳо аз мо дида боаклтар мешаванд, зиндагӣ ҳам бароишон беҳтар мегардад!».

Саттор китобро ба портфел ҷо карду сатрҳои шеъри аз ҳикоя хонда аз ёд кардаашро чун сароиндаи опера замзамакунон аз синф баромад:

Итолиёи зебо,
Итолиёи ман!..

Вай дар роҳрав пайкари бузурги падараш - Ҷӯрабойро, ки дар байни мардум бо лақаби Ҷӯрабойи одамкуш машҳур буд, дида дар ҷояш шах шуда монд. Падараш ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар мавридҳое ҳам, ки ӯро даъват мекарданд, ба мактаб намеомад. «Ҳамин қадар одамон хонда чӣ шуданд, ки шумо шавед,- мегуфт Ҷӯрабой ба Саттор ва рафиқони ӯ,- беҳтараш, ба ягон усто шогирд истед, касб биёмӯзед». Шояд, ӯро муаллимони апаш ва ё директори мактаб даъват карда бошанд? Бо чӣ сабаб? Рост аст, ки апааш Хадича дарсҳоро аз фанҳои кимиё, физика, геометрия бо мушкилӣ ҳазм мекунад, ба вай тамоми хонандагони синфи 8-ум ёрӣ мерасонанд. Ба ҳар ҳол, Хадича толибай бадхон ҳисоб намеёбад, интизомаш ҳам хуб. Саттор чӣ? Беҳтарин аълочии синфи панҷум, аъзои

пешина
аз 349
навбатӣ