Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хонданШӯрои отряд, муҳаррири газетаи девории синф... Бале, аз хондану рафтори Саттор ва апааш Хадича на бояд касе шикоят кунад. Пас, падараш Ҷӯрабой бо чӣ коре ба мактаб омадааст?
Саттор наздик омада, суханони падарашро гӯш кард, ки мегуфт:
- Ман барои ҳуҷҷатҳои Хадича омадам. Шавҳари аммааш, ки дар Чиптура зиндагонӣ мекунад, касал шуда, вафот кард. Акнун вай бо се фарзанд чӣ кор мекунад? Онҳоро ба кӣ месупорад, ки хотирҷамъ шуда ба завод, ба кор равад? Мо Хадичаро назди ӯ мефиристонем, бигузор таҳсилашро дар он ҷо давом дода, ба аммааш ёрӣ расонад. Дигар илоҷе надорем.
Саттор ин суханҳои падарашро шунида тааҷҷуб кард.
«Чаро падарам дурӯғ мегӯянд, - мегуфт ӯ дар дил ба худаш, - охир, шавҳари аммааш Фозиламак дирӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё