Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

тиллоранги офтоб ба як тарзи дилрабое медурахшиданд. Гулнора тирезаро калон кушода, ба баргҳои зарифи кабӯд ва ҷилодиҳанда бо ҳавас менигарист. Фохта-ота ҳам аз лонаи худ, ки онро анбӯҳи баргу шоҳҷаҳои тару тоза аз чашм пинҳон медоштанд, ба Гулнора чашмак мезад.

Ниҳоят аз ду тухм ду ҷӯҷа баромад. Барои он ки фохта-ота аз паси обу дон ба ҷойҳои дур парвоз карда наравад, Гулнора ба рӯи лаълӣ обу дон монда, онро ба рафи тиреза мегузошт. Рафта-рафта фохта ба Гулнора чунон одат кард, ки ҳатто аз рӯи кафи дасташ дон гирифта мехӯрд.

Давраи паррончак кардани ҷӯҷаҳо расид, ки онро на фақат Гулнора, балки ман ҳам бори аввал мушоҳида мекардам. Чор-панҷ фохта рӯзе чанд бор паси ҳам ба лона парвоз карда меомаданду бо ҷӯҷачаҳо бозӣ мекарданд. Баъд фохта-ота бачагонашро бо нӯли худ нихта карда-нихта карда аз лона ба навда ва аз навда ба лона меронд: падар фарзандонашро бодиққат ба парвоз омода мекард.

Гулнора ҳам ба фохта ва фохтачаҳо чунон дил баст, ки ҳар гоҳе онҳоро бинад: «Фохтаи ман... Фохтачаҳои ман...» гуфта шодию ифтихор мекард.

Дар тамоми давраи ба парвоз тайёр кардани фохтачаҳо фохта-ота аз лона дур нашуда, бачагонашро аз ҳар хавфу хатар муҳофизат мекард. Ин дафъа ҳамин ки пои фохта-ота аз навда канда шуд, фохтачаҳо низ яку якбора қанот афшонда, худро ба ҳаво гирифтанду аз паси падар парвоз карда рафтанд.

Ману Гулнора фохта ва фохтачаҳоро бо нигоҳи худ гуселонида:

  • Хайр, то соли дигар, то баҳори оянда!- гуфта хайру хӯш кардем.
пешина
аз 349
навбатӣ