Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ҚАСОС

Дар маҳаллаи Мирзоҳо, дар рӯ ба рӯи ҳавлии мо масҷиди ҷомеъ ҳаст, ки он гарчанде дар асри ёздаҳ бунёд гардида бошад ҳам, бошукӯҳ ва зебо аст, дар тамоми деҳоту шаҳрҳои атроф ҳамтое надорад. Ҳанӯз дар хурдсолии ман бо хоҳиши аҳолӣ масҷиди ҷомеъро ҳамчун ёдгории меъмории қадимаи тоҷикон ба музей табдил дода буданд: меъморон, таърихчиён, кишваршиносон ва махсусан мактаббачагон ба ин ҷо тез-тез омада, айвони васеъ ва хонаҳои пурнақшу нигор ва ҳаккоқиҳои сутунҳои онро тамошо мекунанд ва бо таърихи мардуми худ, бо осори бои қадиман он шинос мешаванд.

Масҷиди ҷомеъро мурғони ҳаво низ дӯст медоранд. Ҳамин ки ба масҷид наздик шубед, аз кунгураҳои бино овози садҳо парранда ба гӯш мерасад ва беихтиёр аз роҳ бозистода, хониши паррандагонро гӯш мекунед.

Писари ман Маннон ҳам тез-тез ба ин ҷо меояд. Вай бо таърихи ин ёдгории қадимӣ кайҳо боз шинос аст, вале азбаски паррандаҳоро дӯст медорад, соатҳои дароз аз атрофи бино дур нашуда, зиндагии онҳоро

пешина
аз 349
навбатӣ