Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мушоҳида мекунад. Вай як рӯз маро ба зону ҳолам намонда, ба он ҷо кашола карда бурд ва фароштурукҳоро нишон дода, гуфт:

  • Дадо, ин чӣ хел фароштурук? Чаро онҳо ба фароштурукҳое ки дар шифтҳои хонаҳои одамон лона месозанд, монанд не?

  • Инҳоро фароштурукҳои кӯҳӣ меноманд, - ҷавоб додам ба писарам, - онҳо бештар дар танаи ҷариҳо ва биноҳои баланди беодам лона месозанд.

Маннон ба яке аз сутунҳо чолокона ҳалқачаҳои аз пластмасса сохтаашро ба пои ҷӯҷачаҳои навзоди фароштук гузаронд.

  • Канӣ бинем, соли оянда боз ба ин ҷо меоянд ё не, - гуфт ӯ поин фаромада.

  • Албатта, бармегарданд, - ҷавоб додам.

  • Рӯзи баргаштанашон туро огоҳ мекунам.

Ба ваъда додан ваъда додаму лекин аз баргаштани фароштурукҳо бехабар монда, Маннонро огоҳ карда натавонистам. Хайрият, ки писарам вақту соати баргаштани фароштурукҳоро фаҳмида гирифта, аз муаллимаш ҷавоб гирифтааст ва дар мактаб аз ҳама пештар аз ин бохабар шудааст.

Як рӯзи хушбоду ҳавои баҳор Маннон тозон ба ҳавлӣ зада даромад ва бо тамоми овоз фарёд карда гуфт:

  • Дадо, фароштурукҳо баргаштанд! Биёед, як сари қадам ба масҷид равем.

  • Ба масҷид рафтани ман чӣ лозим? - гуфтам ба Маннон.- Худат мушоҳида кардан гир-дия.

  • Ман мехоҳам, ки ҳамроҳам шумо ҳам равед, -гуфт ӯ зорию таваллокунон. - Медонед, аз чӣ сабаб бошад, ки фароштурукҳо ба лонаҳояшон намедароянд...

  • Ҳамаашон?

  • Ҳа, ҳамаашон, - ҷавоб дод Маннон. - Ба рӯи лонаҳояшон мешинанду дарун надаромада, боз ҳамон лаҳза бо овози пурҳаяҷон парида мераванд.

Ноилоҷ ҳамроҳи Маннон ба масҷид рафтам. Дар

пешина
аз 349
навбатӣ