Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҳақиқат ҳам, фароштурукҳо дар ташвиш буданд. Онҳо ба рӯи лонаҳояшон менишастанду ба дарун назар карда, боз парида мерафтанд. Маннон бо амри ман ба сутуне часпида боло баромад ва ба лонае даст дароз карда, аз даруни он гунҷишкеро баровард. Маълум шуд, ки гунҷишқҳо набудани фароштурукҳоро фаҳмида тирамоҳу зимистонро дар лонаҳои гарм бо фарогат гузаронидаанд, акнун лонаҳоро тарк кардан намехостанд ва ба болои тухмҳояшон нишаста, фароштурукҳоро дарун даромадан намемонданд.
Ҷанги фароштуруку гунҷишқ диққати маро низ ба худ ҷалб кард.
- Дигар ба лонае даст нарасон, - таъкид кардам ба Маннон. - Кани бинем, ҷангу ҷидоли онҳо бо чӣ анҷом меёбад.
Фароштурукҳо диданд, ки гунҷишқҳо ҷоҳои онҳоро тарк намекунанд, даҳони лонаҳояшонро лой зада, маҳкам кардан гирифтанд. Мо ин кори онҳоро то бегоҳӣ мушоҳида карда, баъд ба хона баргаштем. Пагоҳии рӯзи дигар ҳам ба масҷид омадем. Фароштурукҳо даҳони лонаҳояшонро лой зада, тамоман маҳкам карданду худашон парида рафтанд. Онҳо расо ду рӯз ба лонаҳояшон наздик нашуданд. Рӯзи сеюм ҳамаашон боз ба кор шурӯъ намуданд: бо нӯлҳояшон лонаҳоро аз поён шикоф карданд. Як вақте дидем, ки аз шикофии лонаҳо гунҷишкони беҷон тап-тап ба замин афтодан гирифтанд. Онҳо аз нарасидани ҳаво мурда буданд.
Фароштурукҳо ба гунҷишқҳои бадкирдор ҷазо дода, сониян шикофии лонаҳоро боз лой зада, маҳкам намуданд ва аз сари нав даҳон кушода, соҳиби лонаи худ шуданд.
-
Фароштурукҳо доно будаанд-а, дадо? - гуфт Маннон аз ғалабаи паррандаҳои дӯстдоштааш ба завқ омада.
-
Бале, писарам, - ҷавоб додам ба Маннон. - Ҳар кас бад кунад, бад мукофот мегирад, гуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё